Парвандаи адвокат Шуҳрат Қудратов ба суд ирсол шуд

Парванда нисбати адвокат Шуҳрат Қудратов, ки тобистони соли равон ба гумони даст доштан дар порадиҳӣ боздошт шуда буд , ҷиҳати моҳиятан баррасӣ намудан ба суди шаҳри Душанбе фиристода шуд. Раҳматилло Зойиров, адвокати ӯ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки маводи парванда санаи 20-уми ноябр пас аз баррасӣ дар Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ ба суд […]

Мавзуна Абдуллоева



Парванда нисбати адвокат Шуҳрат Қудратов, ки тобистони соли равон ба гумони даст доштан дар порадиҳӣ

боздошт шуда буд

, ҷиҳати моҳиятан баррасӣ намудан ба суди шаҳри Душанбе фиристода шуд.

Раҳматилло Зойиров, адвокати ӯ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки маводи парванда санаи 20-уми ноябр пас аз баррасӣ дар Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ ба суд ирсол шудааст.

Мурофа оид ба баррасии парвандаи Шуҳрат Қудратов, ки кормандони Агентии зиддифасод мавриди тафтиш қарор доданд, моҳи декабр оғоз мегардад.

Адвокат Шуҳрат Қудратов, ки аз манфиатҳои соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов ҳимоят карда буд, санаи 21-уми июли соли равон аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ боздошт ва худи ҳамон рӯз ба тавқифгоҳи муваққатии Агентӣ фирситода шуда, сипас ба тавқигоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ Тоҷикистон гузаронида шуд.

Дар ҳамин ҳол, тавре қаблан хабар дода шуда буд, пас аз барқарор кардани зиёни моддии аз ҷониби адвокат расонидашуда, Шуҳрат Қудратов 

мутобиқи қонуни афв 


метавонад озод карда шавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.