Тағйироти навбатӣ ба буҷети давлатӣ барои соли ҷорӣ

Имрӯз таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Шӯрои палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ доир гардид, ки дар он масъалаи ворид намудани тағйироту илова ба қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2014» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, […]

Аваз Юлдошев



Имрӯз таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Шӯрои палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ доир гардид, ки дар он масъалаи ворид намудани тағйироту илова ба қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2014» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, аъзои Шӯро дар бораи ба тасдиқи парлумон пешниҳод шудани Созишномаи кафолатӣ байни ҶТ ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии НБО-и Қайроққум», Созишномаи грантӣ байни ҶТ, ШСХК «Барқи Тоҷик» ва БАТР оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии НБО-и Қайроққум», Созишномаи қарзӣ байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва БАТР оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии НБО-и Қайроққум», Созишномаи қарзии имтиёзнок байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва БАТР оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии НБО-и Қайроққум» қарор қабул намуда, ҳамчунин лоиҳаи қонун «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни ҶТ«Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»-ро низ баррасӣ карданд.

Дар ҳамин ҳол, тавре қаблан хабар дода будем, дар тағйироту илова ба қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2014», ки аз ҷониби ҳукумат пешниҳод шудааст, озод кардани воридоти таҷҳизоту қисмҳои эҳтиётӣ ба ҷумҳурӣ барои нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ пешбинӣ шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.