Дар иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, ки рӯзи 21-уми ноябр доир гардид, дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов қарор қабул шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шахрдории Душанбе хабар дод.
Бино ба гуфти манбаъ, Зайд Саидов 28-уми феврали соли 2012 аз ҳавзаи интихоботии №12 вакили Маҷлиси вакилони халқи пойтахт интихоб гардида буд. Ғайр аз ин, ваколатҳои вакили дигари Маҷлиси пойтахт, собиқ раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Саидбек Шарипов, ки як моҳ қабл аз олам даргузашт, низ қатъ карда шуд.
Ёдрас мекунем, ки соҳибкор Зайд Саидов 19-уми майи соли 2013 баъди бозгашт аз сафари хидматӣ аз Фаронса дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе боздошт шуд. Санаи 25-уми декабри соли 2013 Суди олии Тоҷикистон тоҷир ва собиқ вазири саноати кишвар Зайд Саидовро ба 26 соли зиндон бо мусодираи амвол маҳкум намуд. Ӯ дар содир намудани ҷиноятҳои таҷовуз ба номус, серзанӣ, қаллобӣ ва ришваситонӣ муттаҳам дониста шуд.
Моҳи июл дар парвандаи Зайд Саидов айбномаҳои нав – азхудкунии воситаҳои буҷет зимни сохтмони маҷмааи «Душанбе-Плаза» тариқи сохтакории ҳуҷҷатҳо пайдо шуд.


