Ҳабси 38 нашъаҷаллоб дар амалиёти муштараки мақомоти Тоҷикистону Чин

Date:



Аз  27 октябр то 21 ноябри соли  2014 бори нахуст дар қаламрави Тоҷикистону Чин амалиёти муштараки зиддимухаддиротии оперативӣ – пешгирикунанда баргузор гардид.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ, мақсади асосии баргузории амалиёти муштарак пешгирии қочоқи воситаҳои нашъаовар, ки дар Афғонистон истеҳсол мегардад ва тариқи ҳудуди Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, инчунин қатъи   хатсайри эҳтимолии воридшавии маводи нашъаовари аз Чин ба Тоҷикистон буд.

Дар амалиёт аз ҷониби Тоҷикистон кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар, Кумитаи  давлатии амнияти миллӣ, Сарраёсати Қушунҳои сарҳадии КДАМ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Хадамоти гумрук иштирок намуданд.

Барои роҳбарӣ, назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳои ду давлат, ки дар ин амалиёт иштирок менамуданд, дар шаҳри Урумчии Чин Ситоди ҳамоҳангсозии  байналмилалӣ ташкил шуда буд.

Дар асоси Нақшаи тасдиқшуда, фаъолият дар фурудгоҳҳои байналмилалии шаҳри Душанбе, Урумчи ва Қошгар  пурқувват карда шуд. Инчунин, дар ин давра фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар истгоҳҳои роҳи оҳан ва роҳҳои автомобилгарди ду давлат пурқувват карда шуд.

Дар натиҷаи амалиёти гузаронидашуда аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду давлат 34 ҳодисаи муомилоти ғайриқонунӣ маводи нашъаовар ошкор шуда, 38 нафар ашхосе, ки дар ҷиноёти мухаддиротӣ даст доштанд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.

Аз муомилоти ғайриқонунӣ   181 кг  маводи нашъаовар мусодира шуд, ки аз он  героин 22 кг,   афюн – 18 кг   ва маводи нашъаовари гурӯҳи каннабис – зиёда аз  140 кг-ро ташкил дод.

Гузаронидани чунин амалиётҳо имконият дод, ки ҳалли масъалаҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар ҳамбастагӣ ҳалли худро ёфта, тақвияти механизми иҷроиши ҳамкориҳои дуҷонибаи зиддимухаддиротии байни мақомотҳои салоҳиятдори Тоҷикистон ва Чин боз ҳам густариш ёбад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...