Бақияи амонатҳо дар бонкҳои ҷумҳурӣ беш аз 18% афзуд

Date:



Зиёд шудани пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба воситаи ҷалби онҳо аз ҷониби ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ идома дорад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), тибқи маълумотҳои оморӣ, бақияи амонатҳо дар аввали моҳи ноябри соли ҷорӣ дар бонкҳои ҷумҳурӣ 6 млрд. 334,6 млн.сомониро ташкил додааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 18,4% фоиз зиёд аст.

Таҳлили таркиби бақияи ҳаҷми пасандозҳо нишон дод, ки 34,4 фоиз (2 млрд. 180,4 млн. сомонӣ)-ро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 65,6 фоиз (4 млрд. 154,2 млн. сомонӣ)-ро пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил медиҳанд, ки назар ба ҳамин давраи соли қаблӣ ҷалби маблағҳои шахсони воқеӣ нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ бештар гардидааст.

«Баъди ҷамъбасти маълумотҳои оморӣ дар 9 моҳи соли 2014 маълум гардид, ки фоизҳои миёнавазни амонатҳо бо пули миллӣ 15,13 фоизи солона ва амонатҳо бо асъори хориҷӣ 11,99 фоизи солонаро ташкил намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан ба андощаи 0,61% ва 0,55;% зиёдтаранд», – зикр мегардад дар маълумоти БМТ.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар Тоҷикистон  141 ада ташкилотҳои қарзӣ, аз ҷумла 17 бонк, 1 ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ, 41 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 43 ташкилоти қарзии хурд ва 39 фонди қарзии хурд фаъолият доранд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...