Бақияи амонатҳо дар бонкҳои ҷумҳурӣ беш аз 18% афзуд

Зиёд шудани пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба воситаи ҷалби онҳо аз ҷониби ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ идома дорад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), тибқи маълумотҳои оморӣ, бақияи амонатҳо дар аввали моҳи ноябри соли ҷорӣ дар бонкҳои ҷумҳурӣ 6 млрд. 334,6 млн.сомониро ташкил додааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 18,4% […]

Пайрав Чоршанбиев



Зиёд шудани пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба воситаи ҷалби онҳо аз ҷониби ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ идома дорад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), тибқи маълумотҳои оморӣ, бақияи амонатҳо дар аввали моҳи ноябри соли ҷорӣ дар бонкҳои ҷумҳурӣ 6 млрд. 334,6 млн.сомониро ташкил додааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 18,4% фоиз зиёд аст.

Таҳлили таркиби бақияи ҳаҷми пасандозҳо нишон дод, ки 34,4 фоиз (2 млрд. 180,4 млн. сомонӣ)-ро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 65,6 фоиз (4 млрд. 154,2 млн. сомонӣ)-ро пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил медиҳанд, ки назар ба ҳамин давраи соли қаблӣ ҷалби маблағҳои шахсони воқеӣ нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ бештар гардидааст.

«Баъди ҷамъбасти маълумотҳои оморӣ дар 9 моҳи соли 2014 маълум гардид, ки фоизҳои миёнавазни амонатҳо бо пули миллӣ 15,13 фоизи солона ва амонатҳо бо асъори хориҷӣ 11,99 фоизи солонаро ташкил намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан ба андощаи 0,61% ва 0,55;% зиёдтаранд», – зикр мегардад дар маълумоти БМТ.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар Тоҷикистон  141 ада ташкилотҳои қарзӣ, аз ҷумла 17 бонк, 1 ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ, 41 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 43 ташкилоти қарзии хурд ва 39 фонди қарзии хурд фаъолият доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.