КДАМ: Қотилони эҳтимолии бародарон Каримовҳо ба ҳабс гирифта шуданд

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон шомгоҳон тариқи шабакаҳои давлатии телевизион дар бораи боздошти қотилони эҳтимолии бародарон Фарҳод ва Раҷабалӣ Каримовҳо хабар дод. Ҷасади бародарон рӯзи 18-уми ноябр дар қаламрави ҷамоати Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ дарёфт шуда буд. Дар гузориши телевизионии аз ҷониби маркази робита бо ҷомеаи КДАМ таҳияшуда, зикр гардид, ки ба гумони даст доштан дар […]

Аваз Юлдошев



Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон шомгоҳон тариқи шабакаҳои давлатии телевизион дар бораи боздошти қотилони эҳтимолии бародарон Фарҳод ва Раҷабалӣ Каримовҳо хабар дод. Ҷасади бародарон рӯзи 18-уми ноябр дар қаламрави ҷамоати Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ дарёфт шуда буд.

Дар гузориши телевизионии аз ҷониби маркази робита бо ҷомеаи КДАМ таҳияшуда, зикр гардид, ки ба гумони даст доштан дар ин ҷиноят сокини 53-солаи ноҳияи Ҳисор, қаблан ду маротиба маҳкумшуда барои куштор ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, шахрванде бо номи Ҳоҷӣ Самандар боздошт шудааст.

Боздоштшуда дар гузориши телевизионӣ мегӯяд, сабаби қатли бародарон Каримовҳо қарзҳояшон аз маводи нашъаовари гирифтаашон аст. Ҳоҷӣ Самандар қайд мекунад, ки ба бародарон миқдори ниҳоят зиёди маводи мухаддири сахттаъсир – 100 кило героинро дода, вале маблағи пулӣ барои «мол»-ро нагирифтааст.

«Ман онҳоро бояд мекуштам, вагарна онҳо маро ба қатл мерасониданд, – гуфт назди камераи телевизион Ҳоҷӣ Самандар.

Гуфта мешавад, бо мақсади қатли бародарон ӯ ду нафар киллерҳо (одамкушон) аз ноҳияи Ҳисорро киро намудааст, ки яке аз онҳо қаблан барои одамкушӣ 15 сол маҳкум шуда, дигарӣ барои содир намудани як қатор ҷиноятҳо дар қаламрави Русия мавриди ҷустуҷӯ қарор доштааст.

Ба қавли онҳо, бо фармоиши Ҳоҷӣ Самандар онҳо ҳамроҳ бо ӯ бародаронро ба қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ оварда, дар як макони қулай нахуст ба сари онҳо бастаҳои пластикӣ мепӯшонанд ва сипас   ба онҳо тир кушодаанд. Пас аз ин қотилон ҷасади бародарон Каримовҳоро гӯр кардаанд.

Ёдрас мекунем, ки санаи 19-уми ноябри соли равон маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки сокини 29-солаи пойтахт Меҳроб Каримов ба мақомоти милиса дар бораи

бедарак шудани бародаронаш

бо ариза муроҷиат кардааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.