КДАМ: Қотилони эҳтимолии бародарон Каримовҳо ба ҳабс гирифта шуданд

Date:



Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон шомгоҳон тариқи шабакаҳои давлатии телевизион дар бораи боздошти қотилони эҳтимолии бародарон Фарҳод ва Раҷабалӣ Каримовҳо хабар дод. Ҷасади бародарон рӯзи 18-уми ноябр дар қаламрави ҷамоати Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ дарёфт шуда буд.

Дар гузориши телевизионии аз ҷониби маркази робита бо ҷомеаи КДАМ таҳияшуда, зикр гардид, ки ба гумони даст доштан дар ин ҷиноят сокини 53-солаи ноҳияи Ҳисор, қаблан ду маротиба маҳкумшуда барои куштор ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, шахрванде бо номи Ҳоҷӣ Самандар боздошт шудааст.

Боздоштшуда дар гузориши телевизионӣ мегӯяд, сабаби қатли бародарон Каримовҳо қарзҳояшон аз маводи нашъаовари гирифтаашон аст. Ҳоҷӣ Самандар қайд мекунад, ки ба бародарон миқдори ниҳоят зиёди маводи мухаддири сахттаъсир – 100 кило героинро дода, вале маблағи пулӣ барои «мол»-ро нагирифтааст.

«Ман онҳоро бояд мекуштам, вагарна онҳо маро ба қатл мерасониданд, – гуфт назди камераи телевизион Ҳоҷӣ Самандар.

Гуфта мешавад, бо мақсади қатли бародарон ӯ ду нафар киллерҳо (одамкушон) аз ноҳияи Ҳисорро киро намудааст, ки яке аз онҳо қаблан барои одамкушӣ 15 сол маҳкум шуда, дигарӣ барои содир намудани як қатор ҷиноятҳо дар қаламрави Русия мавриди ҷустуҷӯ қарор доштааст.

Ба қавли онҳо, бо фармоиши Ҳоҷӣ Самандар онҳо ҳамроҳ бо ӯ бародаронро ба қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ оварда, дар як макони қулай нахуст ба сари онҳо бастаҳои пластикӣ мепӯшонанд ва сипас   ба онҳо тир кушодаанд. Пас аз ин қотилон ҷасади бародарон Каримовҳоро гӯр кардаанд.

Ёдрас мекунем, ки санаи 19-уми ноябри соли равон маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки сокини 29-солаи пойтахт Меҳроб Каримов ба мақомоти милиса дар бораи

бедарак шудани бародаронаш

бо ариза муроҷиат кардааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...