Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) Раҳматиллло Зойиров дар рӯйхати пешазинтихоботии ҳизбаш дар интихоботи қарибулвуқӯъи парлумонӣ дар шумори аввал қарор гирифтанӣ нест. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҲСДТ хабар дод.
Бино ба гуфти манбаъ, айни замон раиси ҲСДТ дар сафар қарор дошта, дар манотиқи кишвар бо фаъолони ҳизб оид ба рӯйхати пешазинтихоботии ҳизб дар маъракаи интихоботии парлумонӣ ва ҳамчунин доир ба омодагӣ ва баргузории анҷумани навбатии ҲСДТ санаи 10-уми декабр машваратҳо мегузаронад.
Қаблан Раҳматилло Зойиров чандин маротиба изҳор дошта буд, ки дар сурати аз рӯйи натиҷаҳои интихоботи навбатӣ ба сафи парлумон шомил нагардидани намояндагони ҲСДТ, ӯ мансаби раиси ҳизбро тарк мекунад.


