Тоҷикистону Чехия як қатор асноди ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд

Шоми имрӯз президенти Чехия Милош Земан бо сафари расмии серӯза ба Тоҷикистон ташриф меорад. Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни сафар рӯзи 26-уми ноябр президенти Чехия бо сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти хосса ороста, сипас гуфтушуниди ҳайатҳои васеи ҳарду ҷониб доир мегардад, ки аз рӯи натиҷаҳои он имзои як қатор […]

Пайрав Чоршанбиев



Шоми имрӯз президенти Чехия Милош Земан бо сафари расмии серӯза ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни сафар рӯзи 26-уми ноябр президенти Чехия бо сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти хосса ороста, сипас гуфтушуниди ҳайатҳои васеи ҳарду ҷониб доир мегардад, ки аз рӯи натиҷаҳои он имзои як қатор асноди ҳамкорӣ дар назар аст.

Худи ҳамин рӯз Милош Земан бо нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дидору гуфтушунид намуда, ҳамчунин дар маросими расмии ифтитоҳи ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Чехия иштирок мекунад.

Рӯзи 27-уми ноябр президенти Чехия баъди маросими гулчанбаргузорӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ бо раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров мулоқот карда, нимаи дуюми рӯз ба ватан бармегардад.

Тибқи маълумоти ВКХ Тоҷикистон, Тоҷикистону Чехия дар соҳаҳои иқтисод, савдо, саноат ва тандурустӣ ҳамкорӣ мекунанд. Моҳи ноябри соли 2006 Конвенсия байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Чехия оид ба пешгирӣ намудани андозбандии дукарата нисбати андозҳо аз даромад ва сармоя ба имзо расид.

Гуфта мешавад, ҳаҷми гардиши тиҷорат байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Чехия дар соли 2013 ба 3 млн 428 ҳазор доллари амрикоӣ расид. Маҳсулоти асосии воридот шакар ва маҳсулоти қаннодӣ, маснуоти сафолӣ, мебел, асбобҳои нурафкан, маҳсулоти чӯбин, шиша ва маҳсулоти шишагӣ ва ғайра мебошанд. Содирот бошад, асосан аз нахи пахта иборат аст.

«Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо давлатҳои Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла ба Чехия аҳамияти хоса зоҳир менамояд. Тоҷикистон аз сафари дарпешистодаи расмии Президенти Чехия Милош Земан таҳким ва густариши робитаҳоро дар соҳаҳои барои ду ҷониб афзалиятнок ва муфид, такмили заминаи шартномавӣ-ҳуқуқӣ, ки асос барои ҳамкории минбаъдаи судманд хоҳад буд, мунтазир аст», – омадааст дар маълумоти ВКХ Тоҷикистон.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар зарфи 9 моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Чехия каме бештар аз 2,3 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 2% зиёдтар аст. Дар ҳаҷми умумии муомилоти молӣ миёни кишварҳо ба маблағи беш аз 2 млн. доллари ИМА аз Чехия ба Тоҷикистон маҳсулот ворид карда шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.