Дар Вазорати кишоварзии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири кишоварзӣ Қосим Роҳбар бо иштироки масъулини соҳаи чорводорӣ ва сардорони лоиҳаи «Беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлон»-и Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҶТ, зимни суханронӣ дар робита ба ин масъала вазир таъкид намуд, ки бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои сарвари давлат оид ба рушди соҳаи чорводорӣ, дар доираи лоиҳаи мазкур 40 сар буққаҳои зотӣ харидорӣ гардида, дар деҳаҳои калони аҳолинишини ҷамоатҳои деҳоти ноҳияҳои зерҳадаф, яъне Муъминобод, Шӯрообод, Ховалинг, Балҷувон, Темурмалик, Восеъ ва Фархор дастрас карда мешавад.
Гуфта мешавад, Қосим Роҳбар диққати масулинро ба масъалаҳои сифати буққаҳои харидоришаванда, таъмини шаффофияти тақсимоти онҳо ҷалб намуда, риояи қонунҳои амалкунандаро ҷиддан талаб намуд.
Қобили зикр аст, ки мутобиқи қонуни ҶТ «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2015», воридкунандагони чорвои зотӣ ба Тоҷикистон аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд.


