Тайи чанд рӯзи охир аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ҷумҳурӣ якчанд кӯшиши ғайриқонунии паҳнкунии маводи нашъаовар пешгирӣ карда шуд.
Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, ҳамин тавр, дар рафти гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустҷӯйӣ дар яке аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе бо гумонбарӣ ба паҳнкунии маводи нашъадор ду донишҷӯи 20-солаи Донишкадаҳои тарбияи ҷисмонӣ ва молия ва иқтисоди пойтахт дастгир шуданд. Ҳарду донишҷӯён зодаи ноҳияи наздисарҳадӣ бо Афғонистон –ноҳияи Қумсангир будаанд.
Дар вақти азназаргузаронӣ аз онҳо маводи нашъадори ҳашиш ёфт ва мусодира гардид. Ҷавонон мехостанд, ки маводи нашъаоварро фурӯхта, дар муддати кӯтоҳ соҳиби пули муфт гарданд.
Амалиёти дигарро кормандони Агентӣ дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб гузарониданд, ки дар натиҷа нашъаҷаллоби 22 – солаи сокини шаҳри мазкур дастгир карда шуд.
Дар рафти амалӣ намудани хабари оперативии воридгашта оид ба паҳнкунии маводи нашъаовар, аз тарафи кормандони оперативии Агентӣ сокини шаҳри Кӯлобро дастгир намуданд, ки аз ӯ як борхалта бо маводи растанимонанд бо бо бӯйи махсус ёфт ва мусодира гардид.
Мутобиқи хулосаи лабораторияи экспертизаи судии Агентӣ маводи нашъаовари мусодирагардида – бангдона буда, вазни он қариб 1 кг ташкил дод.
Дар айни замон гурӯҳи тафтишотӣ-оперативии АНМН чораҳои заруриро ҷиҳати муайян кардани дигар шахсони ба ин ҷиноятҳо марбут андешида истодаанд.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур нисбати дастгиршудагон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шудааст. Дастгиршудагон ба тавқифгоҳи мувваққатии Агентӣ ворид карда шуданд.



