М. Иброҳимов баъди беҳбуди вазъи солимиаш ба ҳабс гирифта мешавад



Пас аз беҳбуди вазъи солимии


раҳбари «


Созмони ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» Мақсуд Иброҳимов, ки рӯзи чоршанбе аз зарбаҳои корд дар шаҳри Маскав захмӣ шуд, мақомоти пулиси шаҳри Маскав ӯро ба ҳабс гирифтанист.

Тавре хабаргузории

«BaltInfo»

 бо истинод ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Маскав иттилоъ медиҳад, айни замон дар бемористоне, ки захмишуда бистарист, кормандони пулис посбон гузошта шудаанд. «Баъди беҳбуди вазъи солимиаш, ӯ ба ҳабс гирифта мешавад, аммо то ҳол табибон вазъи солимии ӯро вазнин арзёбӣ мекунанд», – иброз доштааст манбаъи хабаргузорӣ.

«Зимни таҳқиқи ҷойи ҳодиса кормандони пулис таппончаи Макаровро дарёфт намудаанд, ки яқинан ба захмишуда мутааллиқ аст. Фарзияи асоси рух додани ҳодиса интиқомгирӣ будааст. Ба гуфтаи шоҳидон, баъди ба М.Иброҳимов дарафтодан, ҳамлагарон ба автомашинаи тамғаи хориҷии интизори онҳо нишаста, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ҳеҷ чизи ҷабрдида рабуда нашудааст ва маҳз бо ҳамин сабаб кормандони пулис бар ин назаранд, ки ҷиноят на бо мақсади тамаъҷӯӣ, балки ба хотири интиқомгирӣ содир карда шудааст», – гуфтааст сарчашмаи хабар.

Зимнан зикр мегардад, ки зодаи 36-солаи Тоҷикистон, ки доимо дар вилояти Ростов зиндагӣ мекардааст, рӯзи 7-уми октябри соли равон аз ҷониби Тоҷикистон барои ифротгароӣ ба ҷустуҷӯи байнулмилалӣ эълон шуда будааст.

Ёдрас мекунем, ки шаби 26-уми ноябр дар шаҳри Маскав аз ҷониби афроди номаълум ба ҷони раҳбари «Созмони ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» Мақсуд Иброҳимов

сӯиқасд сурат гирифт.

spot_imgspot_img

Популярное