Табиби гунаҳкор дар марги зани ҳомиладор дар Хоруғ афв шуд



Бо қарори суди шаҳри Хоруғ, табиб Заррина Курбонмамадова,  гумонбар дар марги зани ҳомиладор Мумтоз Ширинбековаи 26-сола, ки дарҳол баъди таваллуд ҳалок шуда буд, мавриди афв қарор гирифт.

Заррина Қурбонмамадова мутобиқи моддаи 129-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Аз ҷониби корманди тиб номатлуб иҷро гардидани вазифаи касбӣ) айбдор дониста мешуд.

Ҳамсари зани ҳалокшуда Эҳсон Шогунов ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки онҳо санаи 21-уми ноябр дар мурофиаи судӣ нисбати табиб иштирок карда, дар он судшаванда ба гуноҳаш иқрор шудааст ва изҳори пушаймонӣ намуда, аз суд дархост намудааст, ки нисбати ӯ қонуни афв мавиди амал қарор дода шавад. «Сипас суд дархости ӯро қонеъ намуда, ҳатто ҳеҷ ҷаримае ҳам таъин накард», – шикоят кард номбурда.

Ба гуфтаи ӯ, хешону наздикони зани ҳалокшуда ба ин қарори суд розӣ набуда, рӯзи душанбеи ҳафтаи оянда, санаи 1-уми декабр аз болои ин қарор шикояти кассатсионӣ пешниҳод карданианд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 25-уми июни соли равон сокини 26-солаи шахри Хоруғ Мумтоз Ширинбекова пас аз ҷарроҳӣ барои таваллуд дар бемористони ВМКБ ба ҳалокат расид. Табибон ҳаёти занро наҷот дода натавонистанд, вале тифли зодаи ӯ, духтарча солим ба дунё омад.

spot_imgspot_img

Популярное