Буҷети Хатлон дар соли оянда беш аз 1 млрд. сомониро ташкил медиҳад



Тибқи ҳисобу китоби пешакӣ, ҳаҷми буҷети вилояти Хатлон дар соли оянда 1 млрд. 149 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо соли равон 95 млн. сомонӣ ё худ ҳудуди 17% зиёдтар аст.

Тавре аз Раёсати молияи вилоят хабар доданд, аз ҳаҷми умумии буҷети вилоят 570 млн. сомониашро даромадҳои дохилӣ ва зиёд аз 472 млн. сомониро воситаҳои аз буҷети ҷумҳуривӣ ҷудошуда ташкил медиҳанд.

«Нисбат ба соли гузашта соли 2015 воситаҳои ҷудошуда аз буҷети ҷумҳуриявӣ 20 млн. кам шуд, зеро соли 2015 корхонаи истеҳсоли тиллои «Шугнов» маблағи андозҳояшро ба буҷети ноҳияи Ховалинг ва фурудгоҳи Кӯлоб ба буҷети шаҳри Кӯлоб пардохт мекунанд», – иброз дошт манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, шаҳрҳои Қӯрғонтеппаву Сарбанд ва ноҳияҳои Ёвону Данғара ба худмаблағгузорӣ гузашта, тибқи ҳисобҳои пешакӣ, ба буҷети вилоят  шаҳри Қӯрғонтеппа бояд 20 млн. сомонӣ, Ёвон – 29 млн. сомонӣ, Сарбанд – 6 млн. сомонӣ ва Данғара – 7 млн. сомонӣ маблаг пардохт кунанд.

Зимнан зикр гардид, ки лоиҳаи буҷети вилоят барои соли 2015 ояндаи наздик ба баррасии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ирсол мегардад.

spot_imgspot_img

Популярное