Буҷети Хатлон дар соли оянда беш аз 1 млрд. сомониро ташкил медиҳад

Тибқи ҳисобу китоби пешакӣ, ҳаҷми буҷети вилояти Хатлон дар соли оянда 1 млрд. 149 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо соли равон 95 млн. сомонӣ ё худ ҳудуди 17% зиёдтар аст. Тавре аз Раёсати молияи вилоят хабар доданд, аз ҳаҷми умумии буҷети вилоят 570 млн. сомониашро даромадҳои дохилӣ ва зиёд аз 472 млн. […]

Сайраҳмон Назриев



Тибқи ҳисобу китоби пешакӣ, ҳаҷми буҷети вилояти Хатлон дар соли оянда 1 млрд. 149 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо соли равон 95 млн. сомонӣ ё худ ҳудуди 17% зиёдтар аст.

Тавре аз Раёсати молияи вилоят хабар доданд, аз ҳаҷми умумии буҷети вилоят 570 млн. сомониашро даромадҳои дохилӣ ва зиёд аз 472 млн. сомониро воситаҳои аз буҷети ҷумҳуривӣ ҷудошуда ташкил медиҳанд.

«Нисбат ба соли гузашта соли 2015 воситаҳои ҷудошуда аз буҷети ҷумҳуриявӣ 20 млн. кам шуд, зеро соли 2015 корхонаи истеҳсоли тиллои «Шугнов» маблағи андозҳояшро ба буҷети ноҳияи Ховалинг ва фурудгоҳи Кӯлоб ба буҷети шаҳри Кӯлоб пардохт мекунанд», – иброз дошт манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, шаҳрҳои Қӯрғонтеппаву Сарбанд ва ноҳияҳои Ёвону Данғара ба худмаблағгузорӣ гузашта, тибқи ҳисобҳои пешакӣ, ба буҷети вилоят  шаҳри Қӯрғонтеппа бояд 20 млн. сомонӣ, Ёвон – 29 млн. сомонӣ, Сарбанд – 6 млн. сомонӣ ва Данғара – 7 млн. сомонӣ маблаг пардохт кунанд.

Зимнан зикр гардид, ки лоиҳаи буҷети вилоят барои соли 2015 ояндаи наздик ба баррасии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ирсол мегардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.