Боздиди раиси парлумони Афғонистон ва ВКД Тоҷикистон

Вазири корҳои дохилии Тоҷикитсон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо раиси Вулуси ҷиргаи Шӯрои миллии (парлумон) Афғонистон Абдул Рауф Иброҳимӣ мулоқот кард. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар вохӯрӣ ҳамчунин сафири Афғонистон дар Тоҷикистон доктор Абдулғафур Орзу ва дигар намояндагони парлумони ин кишвар иштирок доштанд. Ба иттилои манбаъ, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои муҳими […]

ASIA-Plus



Вазири корҳои дохилии Тоҷикитсон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо раиси Вулуси ҷиргаи Шӯрои миллии (парлумон) Афғонистон Абдул Рауф Иброҳимӣ мулоқот кард.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар вохӯрӣ ҳамчунин сафири Афғонистон дар Тоҷикистон доктор Абдулғафур Орзу ва дигар намояндагони парлумони ин кишвар иштирок доштанд.

Ба иттилои манбаъ, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои муҳими вобаста ба ҳамкориҳои дуҷониба дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ, таъмини амният, тайёр намудани кадрҳо ва дигар мавзӯҳои дахлдорро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Гуфта мешавад, Рамазон Раҳимзода иброз доштааст, ки Тоҷикистон ҷонибдори тақвияти стратегияи мубориза бо терроризм, экстремизими динӣ, қочоқи маводи мухаддир ва таҳдиду хатарҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ буда, ҳамкориҳои байни ду кишвар бо созишномаю шартномаҳои ҳуқуқӣ мустаҳкам гардонида шудаанд.

Дар вохӯрӣ қайд гардидааст, ки чунин мулоқотҳо ба манфиати кор буда, баҳри ривоҷ ёфтани муносибатҳои дӯстонаи ин ду кишвари ҳамсояву ҳамсарҳад, ки аз ҷиҳати таъриху фарҳанг, дину забон бо ҳам наздиканд, инчунин таҳкими ҳамкориҳои мушатарак барои пойдории сулҳу субот имкониятҳои бештаре фароҳам хоҳад овард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.