Раиси ҲДТ омодагии КМИР ба интихоботро «аъло» баҳогузорӣ кард

– Омодагии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон ба интихоботи парлумонӣ дар моҳи феврали соли ояндаро метавон «аъло» баҳогузорӣ кард, – иброз дошт дар мусоҳиба бо хабарнигори «Азия-Плюс» раиси Ҳизби демокртаи Тоҷикистон (ҲДТ) Саидҷаъфар Исмонов. Ба гуфтаи ӯ, КМИР Тоҷикистон саривақт аҳзоби сиёсии кишварро бо дастурҳои нав, муқаррарот ва дигар асноди зарурии марбут ба […]

Аваз Юлдошев



– Омодагии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон ба интихоботи парлумонӣ дар моҳи феврали соли ояндаро метавон «аъло» баҳогузорӣ кард, – иброз дошт дар мусоҳиба бо хабарнигори «Азия-Плюс» раиси Ҳизби демокртаи Тоҷикистон (ҲДТ) Саидҷаъфар Исмонов.

Ба гуфтаи ӯ, КМИР Тоҷикистон саривақт аҳзоби сиёсии кишварро бо дастурҳои нав, муқаррарот ва дигар асноди зарурии марбут ба интихобот таъмин намуд.

«Ба тамоми чорабиниҳо бахшида ба интихоботи қарибулвуқӯъ КМИР моро даъват намуда, худи кормандони КМИР тамоми аснодро ба дафтарҳои корӣ меоранд, ки қаблан ин гуна корбариро мо танҳо орзу мекардем», – қайд кард Исмонов.

Раиси ҲДТ ҳамчунин изҳори итминон кард, ки «сатҳи баланди корбариро, ки имрӯз КМИР пеша кардааст, то анҷоми расмии натиҷагирӣ аз интихобот боқӣ хоҳад монд».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.