Омодагирии воҳидҳои махсуси ВКД ҶТ ва Вазорати бехатарии Чин ба тамринҳои муштарак

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро муовини сардори Раёсати Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии мардумии Чин Ма Вэйяро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои байни ду вазорат дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ, аз ҷумла терроризм, экстремизм, сепаратизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро, ки аз […]

ASIA-Plus



Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро муовини сардори Раёсати Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии мардумии Чин Ма Вэйяро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои байни ду вазорат дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ, аз ҷумла терроризм, экстремизм, сепаратизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро, ки аз хатарҳои муосири ҷаҳонӣ маҳсуб меёбанд, мавриди баррасӣ қарор доданд.

Гуфта мешавад, зимни мулоқот ҳамчунин қайд гардидааст, ки баргузории машқҳои тактикии муштарак дар назар дошта шудааст, ки ҳадаф аз он пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳи тайёрии ҷангии ҳайати шахсии таъиноти махсус, омодагии онҳо дар шароити маҳал ва иқлими гуногун, инчунин гузаронидани амалиёти махсуси муштараки байни ниҳодҳо мебошад.

Зимнан зикр мегардад, ки дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо аз рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.