Баҳри рушди бахши кишоварзии Тоҷикистон Иттиҳоди Аврупо 97 млн. евро ҷудо мекунад

Чанде қабл дар Вазорати кишоварзии Тоҷикистон мулоқоти вазири кишоварзӣ Қосим Роҳбар бо сафири нави Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар Тоҷикистон Ҳидает Бишчевич баргузор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорат, зимни мулоқот таъкид гардид, ки Тоҷикистон бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо ба ҳайати Созмони Ҷаҳонии Савдо (ВТО) ворид гардида, ҳоло дар ҳамкорӣ бо мутахассисони байналмиллалӣ қонуну санадҳои […]

ASIA-Plus



Чанде қабл дар Вазорати кишоварзии Тоҷикистон мулоқоти вазири кишоварзӣ Қосим Роҳбар бо сафири нави Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар Тоҷикистон Ҳидает Бишчевич баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорат, зимни мулоқот таъкид гардид, ки Тоҷикистон бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо ба ҳайати Созмони Ҷаҳонии Савдо (ВТО) ворид гардида, ҳоло дар ҳамкорӣ бо мутахассисони байналмиллалӣ қонуну санадҳои ҳуқуқиву меъёрии худро ба талаботҳои ин ташкилоти бонуфуз мутобиқ мегардонад.

«Соли 2012 дар якҷоягӣ бо тамоми намояндагони ташкилоту созмонҳои байналмиллалии дар қаламрави Тоҷикистон амалкунанда «Барномаи ислоҳоти соҳаи аграрии ҶТ барои солҳои 2012-2020» таҳия ва қабул гардид, ки дар татбиқи он барои се соли аввал панҷ самти афзалиятнок  муайян гардидааст», – иброз дошт вазир.

Гуфта мешавад, сафир пешниҳодҳои вазоратро ба талаботҳои Иттиҳоди Аврупо мутобиқ арзёбӣ намуда, қайд кард, ки барои солҳои минбаъда то соли 2020 нақшаи маблағгузории ин иттиҳод ба Тоҷикистон таҳрезӣ шуда, тариқи грантӣ ва қарзҳои имтиёзнок барои соли оянда дар ҳаҷми 51 млн. евро ва соли 2016 45 млн. евро ба соҳаи агарарӣ интиқол хоҳад ёфт.

Зимнан зикр мегардад, ки Қосим Роҳбар бо ибрози қаноатмандӣ аз ҳамкориҳои мутақобила изҳори умедворӣ намуд, ки дар татбиқи Лоиҳаҳои соҳаи кишоварзӣ принсипҳои шаффофият, самаранокӣ ва риояи талаботҳои Барномаи ислоҳоти соҳаи агарарии мамлакат риоя гардида, ворид намудани мутахассисони вазорат ба ҳайати гурӯҳҳои корӣ новобаста аз самти фаъолияташон (самти обёрӣ (мелиорация), замин (ирригация), бахши бонкӣ (молия), иҷтимоиёт ва ғ.) аз манфиат холӣ нахоҳад буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.