Ҷамъомади муштараки JICA бо вазорату идораҳои соҳавии Тоҷикистон

Дар вохӯрии намояндагони Агентии ҳамкории байнулмилалии Ҷопон (JICA) бо вазорату идорахои соҳавии Тоҷикистон, ки рӯзи 10-ум декабр доир мегардад, вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор мегирад. Бино ба итттилои хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, дар доираи омодагӣ ба ин ҷамъомад дар Вазорати мазкур вохӯрии муовини аввали вазир Неъматҷон Бӯриев […]

ASIA-Plus



Дар вохӯрии намояндагони Агентии ҳамкории байнулмилалии Ҷопон (JICA) бо вазорату идорахои соҳавии Тоҷикистон, ки рӯзи 10-ум декабр доир мегардад, вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Бино ба итттилои хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, дар доираи омодагӣ ба ин ҷамъомад дар Вазорати мазкур вохӯрии муовини аввали вазир Неъматҷон Бӯриев бо роҳбари намояндагии JICA Сузуки Казуя баргузор гардид. 

Гуфта мешавад, чунин чорабинии муҳим дар Тоҷикистон бори аввал гузаронида мешавад ва дар он фаъолияти ҷории JICA ва соҳаҳои ояндаи ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳамчунин тақвияти ҳамкории судманд байни Агентӣ ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо, ба курсҳои омӯзишии JICA бештар фаро гирифтани мутахассисони ҷавон, татбиқи барномаҳои дигари муштарак аз мавзӯъҳои дигари мулоқоти дуҷониба буданд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.