Президент раиси парлумони Афғонистонро ба ҳузур пазируфт

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон раиси Вулус Ҷиргаи (парлумони) Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуррауфи Иброҳимиро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар вохӯрӣ масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунпаҳлӯи ду кишвари ҳамсоя баррасӣ шуд. Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор дошт: “Рушди ҳамкорӣ бо Афғонистони ҳамсоя, ҳамзабон ва ҳамкеш аз авлавиятҳои […]

ASIA-Plus


Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон раиси Вулус Ҷиргаи (парлумони) Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуррауфи Иброҳимиро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар вохӯрӣ масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунпаҳлӯи ду кишвари ҳамсоя баррасӣ шуд.

Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор дошт: “Рушди ҳамкорӣ бо Афғонистони ҳамсоя, ҳамзабон ва ҳамкеш аз авлавиятҳои муҳимтарини сиёсати хориҷии давлати мо мебошад ва масъалаи комилан ба эътидол овардани вазъияти ин кишвар ва истиқрори сулҳу суботи он барои Тоҷикистон масъалаи калидӣ ва ниҳоят муҳим аст”.

Изҳори бовар карда шуд, ки Ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон дар амри таҳкими суботи пойдору бардавом, аз ҷумла тавассути нигоҳ доштани тавозуни маъқул ва санҷидаи сиёсӣ ва миллию қавмӣ, комёб хоҳад буд.

Абдуррауфи Иброҳимӣ дар навбати худ ба нақши Тоҷикистон ва хусусан саҳми бевоситаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар пуштибонӣ аз манфиатҳои Афғонистон дар минтақа ва ҷаҳон ва ҳам ба дӯстию ҳамсоягии наку ва муҳтавои ҳамкории ду кишвари ҳамфарҳанг баҳои баланд дода, аз номи роҳбарият ва мардуми Афғонистон арзи сипосу қадрдонӣ намуд.

Аз ҳамкории миёни сохторҳои марбути ду давлат дар соҳаи амният ва мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир изҳори қаноат карда шуд. Дар ин замина ба анҷом расондани истирдоди мутақобилаи шаҳрвандони ду кишвар аз ҳабсхонаҳои ҳамдигар зарур дониста шуд.

Бо изҳори қаноат аз ҳамкории иқтисодӣ, аз ҷумла зикр гардид, ки тайи 8-10 соли охир ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар 100 баробар афзудааст.

Гуфтугӯйи судманд доир ба татбиқи лоиҳаҳои минтақавии зербиноӣ барои сохтмони роҳҳои оҳану мошингард, кашидани хатҳои интиқоли нерӯи барқ ва тарҳҳои дигари муштарак сурат гирифт.

Изҳори бовар карда шуд, ки парлумонҳои Тоҷикистону Афғонистон метавонанд дар самтҳои гуногуни ҳамкорӣ, аз ҷумла ҳамгироии сиёсию амниятӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва ҳамчунин фарҳангӣ, адабӣ, илмӣ ва маънавии мардумони ду кишвари дӯсту ҳамсоя саҳми намоён дошта бошанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.