Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро муовини сардори Раёсати Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии мардумии Чин Ма Вэйяро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои байни ду вазорат дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ, аз ҷумла терроризм, экстремизм, сепаратизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро, ки аз хатарҳои муосири ҷаҳонӣ маҳсуб меёбанд, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Гуфта мешавад, зимни мулоқот ҳамчунин қайд гардидааст, ки баргузории машқҳои тактикии муштарак дар назар дошта шудааст, ки ҳадаф аз он пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳи тайёрии ҷангии ҳайати шахсии таъиноти махсус, омодагии онҳо дар шароити маҳал ва иқлими гуногун, инчунин гузаронидани амалиёти махсуси муштараки байни ниҳодҳо мебошад.
Зимнан зикр мегардад, ки дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо аз рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори қаноатмандӣ намуданд.



