Хатти телефонии Вазорати адлия барои машваратҳои ройгони ҳуқуқӣ



Бо ташаббуси якҷояи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  филиали ташкилоти “ХЕЛВЕТАС Свисс Интеркорпорейшн“ ва  Хазинаи  Авруосиёгии Осиёи Марказӣ  – Тоҷикистон, нимаи моҳи ноябри соли равон рақами телефонии 3040 ба кор дароварда шуд, ки  ҷиҳати зангҳо барои ҳамаи муштариёни кишвар ройгон аст.

Бино ба маълумоти Вазорати адлияи ҶТ, ба зангҳои дохила мутахассисони ҳуқуқшинос-машваратчиён, ки бо ҳама таҷҳизотӣ техникӣ таъмин  ҳастанд, ҷавоб мегӯянд. Онҳо ба масъалаҳои ҳуқуқӣ оилавӣ,  меросӣ, масъалаҳои замин, ҳуқуқӣ, маъмурӣ ва самтҳои асосии фаъолияти Вазорати адлияи ва сохторҳои он  рӯзҳои корӣ аз соати 08:30 то 17:30  машваратҳои ҳуқуқӣ пешниҳод мекунанд.

Нуқтаи операторӣ дар бинои Вазорати адлияи ҶТ  ҷойгир аст. Махфияти муроҷиати телефонӣ барои муштариёне, ки арзу хохиш оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ доранд, таъмин гардида, муҳити муайяни пешниҳоди арзу шикоят озод аст. Зангҳои даромад  барои аҳолӣ ройгон ва дастрас мебошад.

Лоиҳа ба ду давра тақсим шудааст. Давраи якум аз ноябри соли 2014 то декабри соли 2015-ро дарбар мегирад, ки фаъолияти хатти телефонӣ аз тарафи ташкилот-шарикон Хазинаи Авруосиёгии Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон  ва  “ХЕЛВЕТАС Свисс Интеркорпорейшн“ маблағгузорӣ карда мешавад. Дар аввали соли 2016 фаъолияти хатти телефонӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузарад ва ҳамоҳангсозии он аз ҷониби ин мақомот сурат мегирад.

Фаъолияти хатти телефонӣ аз тарафи тамоми операторҳои мобилӣ ки  ба стандарти  GSM дар Тоҷикистон  ҷавобгӯ хастанд, дастгирӣ ёфта, тарофаҳои имтиёзнок барои пайвастшавӣ пешниҳод шудааст.

spot_imgspot_img

Популярное