Хатти телефонии Вазорати адлия барои машваратҳои ройгони ҳуқуқӣ

Бо ташаббуси якҷояи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  филиали ташкилоти “ХЕЛВЕТАС Свисс Интеркорпорейшн“ ва  Хазинаи  Авруосиёгии Осиёи Марказӣ  – Тоҷикистон, нимаи моҳи ноябри соли равон рақами телефонии 3040 ба кор дароварда шуд, ки  ҷиҳати зангҳо барои ҳамаи муштариёни кишвар ройгон аст. Бино ба маълумоти Вазорати адлияи ҶТ, ба зангҳои дохила мутахассисони ҳуқуқшинос-машваратчиён, ки бо ҳама таҷҳизотӣ […]

ASIA-Plus



Бо ташаббуси якҷояи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  филиали ташкилоти “ХЕЛВЕТАС Свисс Интеркорпорейшн“ ва  Хазинаи  Авруосиёгии Осиёи Марказӣ  – Тоҷикистон, нимаи моҳи ноябри соли равон рақами телефонии 3040 ба кор дароварда шуд, ки  ҷиҳати зангҳо барои ҳамаи муштариёни кишвар ройгон аст.

Бино ба маълумоти Вазорати адлияи ҶТ, ба зангҳои дохила мутахассисони ҳуқуқшинос-машваратчиён, ки бо ҳама таҷҳизотӣ техникӣ таъмин  ҳастанд, ҷавоб мегӯянд. Онҳо ба масъалаҳои ҳуқуқӣ оилавӣ,  меросӣ, масъалаҳои замин, ҳуқуқӣ, маъмурӣ ва самтҳои асосии фаъолияти Вазорати адлияи ва сохторҳои он  рӯзҳои корӣ аз соати 08:30 то 17:30  машваратҳои ҳуқуқӣ пешниҳод мекунанд.

Нуқтаи операторӣ дар бинои Вазорати адлияи ҶТ  ҷойгир аст. Махфияти муроҷиати телефонӣ барои муштариёне, ки арзу хохиш оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ доранд, таъмин гардида, муҳити муайяни пешниҳоди арзу шикоят озод аст. Зангҳои даромад  барои аҳолӣ ройгон ва дастрас мебошад.

Лоиҳа ба ду давра тақсим шудааст. Давраи якум аз ноябри соли 2014 то декабри соли 2015-ро дарбар мегирад, ки фаъолияти хатти телефонӣ аз тарафи ташкилот-шарикон Хазинаи Авруосиёгии Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон  ва  “ХЕЛВЕТАС Свисс Интеркорпорейшн“ маблағгузорӣ карда мешавад. Дар аввали соли 2016 фаъолияти хатти телефонӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузарад ва ҳамоҳангсозии он аз ҷониби ин мақомот сурат мегирад.

Фаъолияти хатти телефонӣ аз тарафи тамоми операторҳои мобилӣ ки  ба стандарти  GSM дар Тоҷикистон  ҷавобгӯ хастанд, дастгирӣ ёфта, тарофаҳои имтиёзнок барои пайвастшавӣ пешниҳод шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.