Интихоби 56 вакил аз Хатлон ба анҷумани ҲАТ

Нимаи ҳафтаи сипаришуда дар шаҳри Қӯрғонтеппа Конфренсияи вилоятии Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) баргузор гардид. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ҲАТ, кори конфренсияро раиси ҲАТ дар вилояти Хатлон Меҳнатулло Сироҷев оғоз бахшида, оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҳизбии вилоят ҳисобот дод. Масъалаҳои дар рӯзномаи конфренсияи мазкур дохилгардида бо иштироки 110 вакил аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон […]

ASIA-Plus



Нимаи ҳафтаи сипаришуда дар шаҳри Қӯрғонтеппа Конфренсияи вилоятии Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) баргузор гардид.


Бино ба иттилои дафтари матбуоти ҲАТ, кори конфренсияро раиси ҲАТ дар вилояти Хатлон Меҳнатулло Сироҷев оғоз бахшида, оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҳизбии вилоят ҳисобот дод. Масъалаҳои дар рӯзномаи конфренсияи мазкур дохилгардида бо иштироки 110 вакил аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баррассӣ ва барои иштирок ба Анҷумани ҲАТ, ки 18 декабри соли ҷорӣ баргузор мегардад, 56 вакил интихоб гардиданд.

Дар кори конфренсия иҷрокунандаи вазифаи раиси ҲАТ, узви Маҷлиси миллӣ Рустам Латифзода ва Зайниддин Сафаров, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуда, бо аъзои ҳизб роҷеъ ба масъалаҳои дохилиҳизбӣ, тавсеаи фаъолияти раисон ва аъзои ҳизб ва интихоботи дарпешистодаи мақомоти намояндагии кишвар  суҳбат намуданд.

Латифзода қайд намуд, ки имрӯз теъдоди аъзои ҲАТ ба 47 ҳазор нафар расидааст, ки ин натиҷаи кори хуби тарғиботии фаъолони ҳизбӣ дар маҳал мебошад. «Ин эътимоди бузурги мардум мебошад ва аграриён сазовор будани худро бояд ба боварӣ дар амал нишон диҳанд. Дар вилояти Хатлон, ки ин теъдод қариб 20 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ҲАТ бояд ба ҳама мушкилоту хурсандӣ ва масъалаҳои ҳалталаби мардум шарик бошад ва ҳаллӣ мушкилоти ҷойдоштаро дар назди мақомоти марбута масъалагузорӣ намоянд ва пеш аз ҳама худ дар ҳалли онҳо саҳмгузор бошанд», – гуфт ӯ.

Гуфта мешавад, ҲАТ имрӯзҳо фаъолияти тарғиботии худро маҳалҳо шиддат бахшида, мақсад дорад, дар мақомоти намояндагии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо шумораи аъзои худро зиёд кунад. То имрӯз дар Парламенти кишвар ҲАТ 3 намоянда дошт: – 2 вакил дар палати поёнӣ ва 1 нафар узви палатаи болоӣ. Ин навбат ҲАТ мақсад дорад, теъдоди намояндагони худро дар Парламенти кишвар афзуда, фраксияи худро ташкил намояд.

Бояд гуфт, ки 29 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд конфренсияи вилоятии Ҳизби аграрии Тоҷикистон баргузор гардида буд, ки дар он низ масъалаҳои омодагӣ ба интихобот ва интихоби вакилон ба анҷумани ҲАТ баррасӣ гардида ба Анҷумани ҳизб 35 вакил интихоб карда шуд.

Дар назар аст, ки Анҷумани VI ҲАТ рӯзи 18 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки 210 нафар вакилон аз ҳама шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ доир мегардад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...