Намояндаи ҲСДТ-ро ба ҳайати нави КМИР шомил накарданд

– Намояндаи Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) ба ҳайати нави Комисссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон, ки президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба парлумон пешниҳод намуд, шомил нагардид», – изҳор намуд ба «Азия-Плюс» муовини раиси ҲСДТ Шокирҷон Ҳакимов. Қаблан хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ дод, ки ба ҳайати КМИР намояндагони ҳамаи ҳизбҳои сиёсии расман дар ҷумҳурӣ […]

ASIA-Plus



– Намояндаи Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) ба ҳайати нави Комисссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон, ки президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба парлумон пешниҳод намуд, шомил нагардид», – изҳор намуд ба «Азия-Плюс» муовини раиси ҲСДТ Шокирҷон Ҳакимов.

Қаблан хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ дод, ки ба ҳайати КМИР

намояндагони ҳамаи ҳизбҳои сиёсии

расман дар ҷумҳурӣ бақайдгирифташуда пешниҳод гардидаанд ва 4 нафари онҳо занон мебошанд.

«Ман бар ин назарам, ки намояндаи ҳизби мо ба ҳайати нави КМИР Тоҷикистон ба иллати норасоии иродаи сиёсии раҳбарияти кишвар дохил нашуд», – гуфт муовини раиси ҲСДТ.

Ба гуфтаи Ҳакимов, қабл аз пешниҳоди ҳайати нави КМИР ба тасдиқи парлумон аз ҷониби президент, дастгоҳи сарвари давлат бояд андешаву назари тамоми аҳзоби сиёсӣ оид ба ин масъаларо омӯзад. «Аҳзоби сиёсӣ бояд худашон номзадҳо ба аъзои КМИР аз ҳизбҳоро ба президент пешниҳод намоянд, ки чунин сурат нагирифт ва дар интихоботи парлумонии соли 2010 низ ҳамин ҳолат мавҷуд буд», – иброз дошт ӯ.

Муовини раиси ҲСДТ муътақид аст, ки шомил нагардидани нмояндаи ҲСДТ ба ҳайати нави КМИР, «ин як ҳушдорест ба тамоми комиссияҳои интихоботии кишвар оид ба чӣ гуна рафтор намудан бо ҲСДТ дар маъракаи интихоботи парлумонӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ки ба моҳи марти соли оянда таъин шудааст».

Дар ҳамин ҳол, рӯйхати пурраи аъзои ҳайати нави КМИР Тоҷикистонро, ки президенти ҷумҳурӣ барои тасдиқ ба палатаи поёнии парлумон пешниҳод намуд, «Азия-Плюс» ояндаи наздик интишор мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.