СММ ба арзёбии сиёсати сармоягузории Тоҷикистон оғоз намуд

Санаи 5 декабри 2014 дар шаҳри Женева вохӯрии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо котиби генералии Конфронси СММ оид ба савдо ва рушд Мухиса Китуйи баргузор гардид. Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, бо ишора ба муҳим будани ҳамкории Тоҷикистон ва Конфронси СММ оид ба савдо ва рушд, С. Аслов омодагии […]

ASIA-Plus



Санаи 5 декабри 2014 дар шаҳри Женева вохӯрии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо котиби генералии Конфронси СММ оид ба савдо ва рушд Мухиса Китуйи баргузор гардид.

Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, бо ишора ба муҳим будани ҳамкории Тоҷикистон ва Конфронси СММ оид ба савдо ва рушд, С. Аслов омодагии ҷониби моро ҷиҳати рушди минбаъдаи он дар самти истифодаи таҷриба ва имконияти ин созмон барои ҷалби сармояи хориҷӣ, рушди иқтисодиёт мутобиқи ӯҳдадориҳо дар Созмони умумиҷаҳонии савдо, рушди системаи нақлиёт, савдо ва гумрук баён намуд.

Гуфта мешавад, зимни вохӯрӣ Мухиса Китуйи маълумот дод, ки дар асоси дархости Ҳукумати Тоҷикистон Конфронси СММ оид ба савдо ва рушд барои таҳияи “Баҳодиҳии сиёсати сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон” корҳои лозимаро оғоз намудааст.

Интизор меравад, ки таҳлили мазкур имкониятҳои истифоданашудаи кишварро барои ҷалби сармояи хориҷӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, логистика ва технологияҳои иттилоотӣ муайян месозад.

Зимнан зикр мегардад, ки ҷонибҳо инчунин масъалаи бунёд намудани механизми миллӣ дар Тоҷикистон барои содда намудани соҳаи савдоро муҳокима намуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.