Суғд: Мусодираи миқдори зиёди маводи тарфгарӣ



Ахири ҳафтаи сипаришуда мақомоти интизомии вилояти Суғд беш аз 256 ҳазор адад маснӯъоти тарфгарӣ (пиротехникӣ)-ро мусодира намуданд.

Тавре аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, рӯзи 7-уми декабр дар шаҳри Хуҷанд сокини 37-солаи маҳаллӣ боздошт ва зимни кофтукови шахсии ӯ 240 ҳазор адад маводи тарфгарӣ (хлопушка) дарёфт ва мусодира шудааст. «Ҳамчунин боз аз як сокини 21-солаи шаҳр низ 10 ҳазор адад чунин мавод дарёфт ва мусодира шуд», – гуфт манбаъ.

Бино ба иттилои манбаъ, нисбат ба шаҳрванди 18-сола Р.Р., ки дар шаҳри Истаравшан боздошт ва аз ӯ 6,7 ҳазор адад маводи пиротехникӣ дарёфту мусодира шуда буд, мутобиқи моддаи 199-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Қобили зикр аст, ки бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ аз 7-уми апрели соли 1997, ворид намудан ва фурӯши маснӯоти тарфгарӣ дар қаламрави Тоҷикистион манъ аст.

spot_imgspot_img

Популярное