Осеби як нафар аз таркиши зарфи оҳанӣ дар канори пойтахт

Шабҳангоми дирӯз дар канори шаҳри Душанбе таркиш рух дод. Ба қавли сокинони ба истилоҳ маҳаллаи 9-ум километри пойтахт, сӯхтор соати 22-20 дақиқаи шаб рух дода, шоҳидон мегӯянд, бар асари он тирезаҳои мактаб ва манзилҳои зисти наздики ҷойи ҳодиса осеб дидаву шикастаанд. Ба гуфтаи сокинони маҳал, дар макони собиқ комбинати коркарди чӯб нуқтаи фурӯши маводи сӯзишворӣ […]

Ҳумайро Бахтиёр



Шабҳангоми дирӯз дар канори шаҳри Душанбе таркиш рух дод. Ба қавли сокинони ба истилоҳ маҳаллаи 9-ум километри пойтахт, сӯхтор соати 22-20 дақиқаи шаб рух дода, шоҳидон мегӯянд, бар асари он тирезаҳои мактаб ва манзилҳои зисти наздики ҷойи ҳодиса осеб дидаву шикастаанд.

Ба гуфтаи сокинони маҳал, дар макони собиқ комбинати коркарди чӯб нуқтаи фурӯши маводи сӯзишворӣ боз карданӣ будаанд ва соҳибмулкони он барои санҷиши мустаҳкамии зарфи сӯзишворӣ (бочка), онро бо ҳаво пур кардаанд, аммо таркиш рух дода, зарф пора-пора ва ба ҳар тараф пош хӯрдааст.

Ҳамчунин гуфта мешавад, дар натиҷаи ин таркиш ҳамаи манзили зисти воқеъ дар наздикии макони сохтмони нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва мактаби №34 бе тиреза мондаанд. «Посбони нуқта аз пораҳои пошхӯрдаи зарф захмӣ шуда, айни замон дар бемористон қарор дорад. Субҳ кормандони милиса омада, ҳамаро пароканда карданд», – гуфтанд шоҳидони ҳодиса.

Дастрас кардани шарҳи сохторҳои расмӣ доир ба ин ҳодиса ба «Азия-Плюс» то ҳол муяссар нашуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.