Суғд: Мусодираи миқдори зиёди маводи тарфгарӣ

Ахири ҳафтаи сипаришуда мақомоти интизомии вилояти Суғд беш аз 256 ҳазор адад маснӯъоти тарфгарӣ (пиротехникӣ)-ро мусодира намуданд. Тавре аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, рӯзи 7-уми декабр дар шаҳри Хуҷанд сокини 37-солаи маҳаллӣ боздошт ва зимни кофтукови шахсии ӯ 240 ҳазор адад маводи тарфгарӣ (хлопушка) дарёфт ва мусодира шудааст. «Ҳамчунин боз аз […]

Мавлуда Рофиева



Ахири ҳафтаи сипаришуда мақомоти интизомии вилояти Суғд беш аз 256 ҳазор адад маснӯъоти тарфгарӣ (пиротехникӣ)-ро мусодира намуданд.

Тавре аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, рӯзи 7-уми декабр дар шаҳри Хуҷанд сокини 37-солаи маҳаллӣ боздошт ва зимни кофтукови шахсии ӯ 240 ҳазор адад маводи тарфгарӣ (хлопушка) дарёфт ва мусодира шудааст. «Ҳамчунин боз аз як сокини 21-солаи шаҳр низ 10 ҳазор адад чунин мавод дарёфт ва мусодира шуд», – гуфт манбаъ.

Бино ба иттилои манбаъ, нисбат ба шаҳрванди 18-сола Р.Р., ки дар шаҳри Истаравшан боздошт ва аз ӯ 6,7 ҳазор адад маводи пиротехникӣ дарёфту мусодира шуда буд, мутобиқи моддаи 199-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Қобили зикр аст, ки бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ аз 7-уми апрели соли 1997, ворид намудан ва фурӯши маснӯоти тарфгарӣ дар қаламрави Тоҷикистион манъ аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.