КМИР роҳбарони аҳзоби сиёсиро ба муколама даъват мекунад

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон санаи 11-уми декабр дар Душанбе барои раҳбарони аҳзоби сиёсӣ мизи гирд барпо карданист. Раиси КМИР Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён имрӯз зимни ҷаласаи КМИР дар ин робита изҳор намуд, ки дар ин вохӯрӣ бо иштироки тамоми аъзои КМИР пешниҳоду эродҳои кормандони васоити ахбори умум дар робита ба маъракаи интихоботи парлумонии […]

Аваз Юлдошев



Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон санаи 11-уми декабр дар Душанбе барои раҳбарони аҳзоби сиёсӣ мизи гирд барпо карданист.

Раиси КМИР Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён имрӯз зимни ҷаласаи КМИР дар ин робита изҳор намуд, ки дар ин вохӯрӣ бо иштироки тамоми аъзои КМИР пешниҳоду эродҳои кормандони васоити ахбори умум дар робита ба маъракаи интихоботи парлумонии ба санаи 1-уми март таъингардида шунида мешаванд.

«Дар навбати худ, раҳбарияти КМИР ба пешвоёни аҳзоби сиёсӣ дар бораи ҷараёни омодагӣ ба интихоботи мазкур маълумот медиҳад», – гуфт Шоҳиён ва илова намуд, ки дар ин мулоқот намояндагони васоити ахбори умум низ метавонанд иштирок кунанд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон шахсонеро, ки ба ҳайси раис, муовини раис ва аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешаванд, 

барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.