Дастури раиси пойтахт оид ба пардохти музди меҳнати энергетикҳо

Имрӯз таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев машвари кории мақомоти шаҳрдорӣ баргузор шуд, ки дар он дар баробари мушкилоти хоҷагидории пойтахт, ҳамчунин ҷараёни амалисозии барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, рафти иҷрои нақшаи ҷамъоварии андоз ва масъалаҳои натиҷагирӣ аз фаъолият дар соли ҷорӣ ва омодагиҳо ба пешвози Соли нави мелодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Котиби матбуотии раиси […]

ASIA-Plus



Имрӯз таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев машвари кории мақомоти шаҳрдорӣ баргузор шуд, ки дар он дар баробари мушкилоти хоҷагидории пойтахт, ҳамчунин ҷараёни амалисозии барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, рафти иҷрои нақшаи ҷамъоварии андоз ва масъалаҳои натиҷагирӣ аз фаъолият дар соли ҷорӣ ва омодагиҳо ба пешвози Соли нави мелодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Котиби матбуотии раиси пойтахт Шавкат Саидов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки М.Убайдуллоев ба Раёсати андози шаҳрдорӣ дастур додааст, ки дар ҳамдастӣ бо Раёсати молия ва раиси ноҳияҳои пойтахт ҷиҳати иҷрои нақшаи ҷамъоварии тамоми намуди андозҳо тадбирҳои таъҷилӣ андешанд.

Бино ба гуфти манбаъ, раиси пойтахт ҳамчунин ба хадамоти дахлдори шаҳрдорӣ супориш додааст, ки ҷиҳати бартараф кардани пардохти қарз аз музди меҳнат, пеш аз ҳама дар сохторҳои ширкати «Барқи тоҷик» чораҳои таъхирнопазир руйи кор гиранд.

Зимнан зикр гардид, ки ба мақомоти прокуратураи пойтахт дастур дода шудааст, ки оид ба омодагии биноҳои шаҳр ҷиҳати интиқоли оби гарм ба низоми гармидиҳӣ санҷиши ҳамаҷониба барпо кунанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.