Оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати раиси суди иқтисодии Душанбе

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон нисбат ба раиси Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Раҳим Зариф Шарифзода парвандаи ҷиноӣ боз кард. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентии зиддифасод, тафтишот аз эҳтимол дур намедонад, ки моҳи августи соли ҷорӣ Р.Шарифзода зимни баррасии аризаи даъвогии шаҳрванд Ф.Соҳибназаров дар бораи қатъи ҳалномаи суди иқтисодии шаҳри Душанбе […]

Аваз Юлдошев



Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон нисбат ба раиси Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Раҳим Зариф Шарифзода парвандаи ҷиноӣ боз кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентии зиддифасод, тафтишот аз эҳтимол дур намедонад, ки моҳи августи соли ҷорӣ Р.Шарифзода зимни баррасии аризаи даъвогии шаҳрванд Ф.Соҳибназаров дар бораи қатъи ҳалномаи суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз соли 2007 дар робита ба пайдо шудани ҳолатҳои нав, барои ҳалли масъала ба нафъи даъвогар аз Ф.Соҳибназаров 7 ҳазор доллари ИМА маблағ талаб кардааст.

Зикр мегардад, ки 4 ҳазор доллари ИМА аз маблағи талабшударо раис суди иқтисодиии пойтахт шахсан ва боқимонда 3 ҳазор доллари ИМА-ро тавассути кормандони суд А.Ҳабибов ва А.Нусратуллозода гирифтааст.

Гуфта мешавад, нисбат ба Раҳим Шарифзода мутобиқи моддаи 319, қ.3-и Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишоти пешакӣ дар ин самт идома дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.