Пуштибонии USAID аз хулосаи арзёбии сатҳи хониш дар синфҳои ибтидоӣ

Date:


Иҷрокунандаи вазифаи муовини роҳбари ҳайати дипломатии ИМА дар Тоҷикистон Кэтлин Макдоналд ҳамроҳи муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон Тоҷинисо Маҳмадова, кормандони маорифи маҳаллӣ, омӯзгорон ва созмонҳои байналмилалӣ дар баррасии натиҷаҳои арзёбии сатҳи хониш дар синфҳои ибтидоии лоиҳаи USAID “Хониши босифат”, ки дар якҷоягӣ бо Bазорати маориф ва илми ҶТ татбиқ шуда истодааст, ширкат варзиданд.

Бино ба маълумоти сафорати ИМА дар ҶТ, USAID дар якҷоягӣ бо Bазорати маориф ва илми ҶТ воситаи арзёбии сатҳи хонишро дар синфҳои ибтидоӣ барои муайян намудани дараҷаи хониш дар синфҳои аз 1 то 4-ро дар саросари Тоҷикистон таҳия намуд.  Воситаи мазкур дар стандартҳои нави миллии хониш барои синфҳои аз 1 то 4 асос ёфтааст.  Арзёбии зикршуда сатҳи саводнокиро дар Тоҷикистон холисонаю мунтазам тафсир дода, барои кормандони соҳаи маориф манбаи маълумот хоҳад шуд.

Дар сухани ифтитоҳиаш хонум Кэтлин Макдоналд гуфтааст “Давоми 12 соли охир ҳукумати ИМА бо Вазорати маориф ва илм ва сохторҳои марбути он барои дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди соҳаи маориф ва Шарокати умумиҷаҳонӣ дар соҳаи маориф бо мақсади ҷавобгӯй будан ба талаботу масъалаҳои асри 21 ҳамкорӣ менамояд.  Мо аз таҳияи маводи таълимӣ барои муаллимон, меъёрҳои хату хониш ва меъёрҳои татбиқи онҳо дар ҳамдастӣ бояд хушнуд бошем.”

USAID шарики боэътимоди ҳукумати ҶТ дар соҳаи маориф мебошад.  Ҳамчун нишонаи шарикии мазкур USAID бо хушнудӣ ин натиҷаҳои муҳимро ҷиҳати дастгирии Вазорати маориф ва илми ҶТ дар мустаҳкам намудани сатҳи хониш ва идрок дар саросари Тоҷикистон дастрас менамояд.  

Лоиҳаи “Хониши босифат”-и Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) яке аз лоиҳаҳои кумакрасони зиёде мебошад, ки амалисозии он бо дастгирии мардуми Амрико тавассути USAID имконпазир гашт.  Аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардӯстона бо мақсади дастгирӣ намудани ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодии ҶТ, маблағи беш аз 1 миллиард доллари ИМА ҷудо намудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...