Дар маркази маъмурии вилояти Суғд иҷлосияи нуздаҳуми ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд (даъвати IV) баргузор шуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, ба кори иҷлосия раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҳусни оғоз бахшида, иттилоъ дод, ки ба иҷлосия роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ, мактабҳои миёнаи махсус, раисони кумитаи маҳаллаҳо, сохторҳои корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳр, намояндагони воситаҳои ахбори умум даъват шудаанд ва дар толор ҳозиранд.
Дар иҷлосия масъалаи таъин намудани интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум баррасӣ шуд. Ҳамчунин масоили ташкили комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд ва миқдори ҳавзаҳои ҳудудии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд низ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Мутобиқи моддаи 7-ми Қонуни ҶТ «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ба Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳр, ноҳия на бештар аз 40 ҳавзаи интихоботӣ ташкил карда мешавад. Аз ҳар ҳавзаи интихоботӣ як вакил ба Маҷлиси дахлдори вакилони халқ интихоб карда мешавад. Миқдори ҳавзаҳои интихоботиро барои интихоботи Маҷлисҳои маҳаллӣ вакилони халқ ба ҳадди меъёри муқарраркардаи ҳамин Қонун Маҷлиси дахлдор бо назардошти шумораи интихобкунандагон, ҳудуд ва шароити дигари маҳаллӣ муқаррар менамояд. Оид ба масъалаи мазкур лоиҳаи қарор муҳокима ва Қарори дахлдор қабул гардид.
Раҷаббой Аҳмадзода дар фароварди иҷлосия ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар шаҳри Хуҷанд ва бо мақсади таъмини омодагии ҷиддӣ ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ ба шахсони масъул вазифаҳои мушаххас дод.


