Афзоиши шумори мубталоёни бемории СПИД дар Суғд

Date:



Соли равон дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ тамоили афзоиши шумори мубталоёни бемории


Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО, ВИЧ)/Бемории пазируфтаи норасоии масуният (БПНМ, СПИД) ба мушоҳида мерасад.

Тавре аз Маркази пешгирӣ ва мубориза бо бемории БПНМ (СПИД)-и вилояти Суғд хабар доданд, аз оғози сол


дар қаламрави вилоят 222 нафар мубталоёни нави бемории СПИД ошкор шуда,миёни онҳо  122 нафарашон мардон ва 100 нафарашон занон мебошанд. Дар ҳамин давраи соли гузашта дар қаламрави минтақаи шимоли кишвар 150 нафар (83 нафар мардон ва 67 нафар занон) гирифторони нави ин беморӣ ба қайд гирифта шуда буданд.

«Дар минтақаи шимоли кишвар аз замони бори нахуст ошкор шудани шахси гирифтор ба ин беморӣ дар соли 2001, то 1-уми декабри соли ҷорӣ 1 ҳазору 284 шахсони мубтало ба ВНМО/БПНМ (858 нафар мардон ва 426 нафар занон, аз ҷумла 53 нафар ноболиғон) ба қайд гирифта шуда, давоми ин солҳо аз ин беморӣ 327 нафар ба ҳалокат расидаанд», – гуфтанд дар марказ.

Ба иттилои манбаъ, аз шумори умумии афроди мубтало ба ин беморӣ 566 нафар ё худ 44%-ашонро шахсони синни 30-39-сола ташкил медиҳанд.

Зимнан зикр гардид, ки аз ин шумор 557 нафар ё худ 43,2% тариқи сӯзандору,652 нафар ё худ 50,7% ба воситаи алоқаи ҷинсӣ, 41 нафар ё худ 3,3% тавассути аз модар ба кӯдак гузаштан ва боз 29 нафар ё худ 2,3% бо роҳи номаълум аз ин беморӣ сироят ёфтаанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...