Афзоиши шумори мубталоёни бемории СПИД дар Суғд

Соли равон дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ тамоили афзоиши шумори мубталоёни бемории Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО, ВИЧ)/Бемории пазируфтаи норасоии масуният (БПНМ, СПИД) ба мушоҳида мерасад. Тавре аз Маркази пешгирӣ ва мубориза бо бемории БПНМ (СПИД)-и вилояти Суғд хабар доданд, аз оғози сол дар қаламрави вилоят 222 нафар мубталоёни нави бемории СПИД ошкор шуда,миёни онҳо  122 […]

Мавлуда Рофиева



Соли равон дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ тамоили афзоиши шумори мубталоёни бемории


Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО, ВИЧ)/Бемории пазируфтаи норасоии масуният (БПНМ, СПИД) ба мушоҳида мерасад.

Тавре аз Маркази пешгирӣ ва мубориза бо бемории БПНМ (СПИД)-и вилояти Суғд хабар доданд, аз оғози сол


дар қаламрави вилоят 222 нафар мубталоёни нави бемории СПИД ошкор шуда,миёни онҳо  122 нафарашон мардон ва 100 нафарашон занон мебошанд. Дар ҳамин давраи соли гузашта дар қаламрави минтақаи шимоли кишвар 150 нафар (83 нафар мардон ва 67 нафар занон) гирифторони нави ин беморӣ ба қайд гирифта шуда буданд.

«Дар минтақаи шимоли кишвар аз замони бори нахуст ошкор шудани шахси гирифтор ба ин беморӣ дар соли 2001, то 1-уми декабри соли ҷорӣ 1 ҳазору 284 шахсони мубтало ба ВНМО/БПНМ (858 нафар мардон ва 426 нафар занон, аз ҷумла 53 нафар ноболиғон) ба қайд гирифта шуда, давоми ин солҳо аз ин беморӣ 327 нафар ба ҳалокат расидаанд», – гуфтанд дар марказ.

Ба иттилои манбаъ, аз шумори умумии афроди мубтало ба ин беморӣ 566 нафар ё худ 44%-ашонро шахсони синни 30-39-сола ташкил медиҳанд.

Зимнан зикр гардид, ки аз ин шумор 557 нафар ё худ 43,2% тариқи сӯзандору,652 нафар ё худ 50,7% ба воситаи алоқаи ҷинсӣ, 41 нафар ё худ 3,3% тавассути аз модар ба кӯдак гузаштан ва боз 29 нафар ё худ 2,3% бо роҳи номаълум аз ин беморӣ сироят ёфтаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 апрели соли 2026

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ Соли 1992 – Дар маркази Душанбе дар майдонҳои “Озодӣ” ва “Шаҳидон” гирдиҳамоиҳои худҷӯш баргузор шуданд. Соли 1996 – Аввалини шумораи ҳафтаномаи хусусии “Чархи...

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.