КМИР ба пешвоёни аҳзоб тартиби хароҷот дар интихоботро шарҳ дод

Тамоми номзадҳо ба вакилӣ ва аҳзоби сиёсии Тоҷикистон, ки дар интихоботи парлумонии қарибулвуқӯъ иштирок карданианд, бояд дар БДА «Амонатбонк» ё филиалҳои он суратҳисобҳои муваққатӣ ва махсус боз намоянд. Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода зимни кори мизи гирди имрӯза ба раисони аҳзоби сиёсӣ шарҳ дод, ки ҳаҷми умумии хароҷот аз ҷониби номзадҳо ба вакилӣ аз […]

Аваз Юлдошев



Тамоми номзадҳо ба вакилӣ ва аҳзоби сиёсии Тоҷикистон, ки дар интихоботи парлумонии қарибулвуқӯъ иштирок карданианд, бояд дар БДА «Амонатбонк» ё филиалҳои он суратҳисобҳои муваққатӣ ва махсус боз намоянд.

Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода зимни кори мизи гирди имрӯза ба раисони аҳзоби сиёсӣ шарҳ дод, ки ҳаҷми умумии хароҷот аз ҷониби номзадҳо ба вакилӣ аз ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ набояд аз 60 ҳазор сомонӣ зиёдтар бошад. Хароҷоти аҳзоби сиёсӣ барои як номзад аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ то 20 ҳазор сомонӣ ва хароҷоти аҳзоби сиёсӣ дар интихобот то 120 ҳазор сомонӣ мукаррар шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, маблағи хайрияи шахсони воқеӣ барои як номзад ба вакилӣ – 2 ҳазор сомонӣ ва барои аҳзоби сиёсӣ – то 4 ҳазор сомонӣ муайян шудааст. Ҳаҷми маблағи хайрияи шахсони ҳуқуқӣ мутаносибан 4 ҳазор ва то 20 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Зимнан зикр гардид, ки хароҷоти молӣ дар интихобот аз ҷониби кишварҳову шаҳрвандони хориҷӣ, шаҳрвандони Тоҷикистони синни то 18-сола, шахсони ҳуқуқии бо саҳмияҳои хориҷӣ сарукордошта, созмонҳои байнулмилалӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхонаву ташкилотҳои давлатӣ, ташкилотҳое, ки дар онҳо ҳиссаи ҳукумат беш аз 30%-ро ташкил медиҳад, сохторҳои низомиву мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилотҳои динӣ ва шахсони номаълум манъ карда шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.