Конфронс оид ба таҳияи методологияи миллии ченкунӣ ва арзёбии сатҳи камбизоатӣ

Пагоҳ, 12-уми декабр дар меҳмонхонаи «Серена»-и шаҳри Душанбе (хиёб. Рӯдакӣ 14, ошёнаи 2) доир ба мавзӯи “Ченкунӣ ва мониторинги камбизоатӣ” конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор мегардад.   Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, баргузории Конфронс бо ташаббуси “Шӯро оид ба муайян намудани сатҳи камбизоатӣ ва табақаи миёнаи аҳолӣ дар Тоҷикистон” сурат […]

ASIA-Plus



Пагоҳ, 12-уми декабр дар меҳмонхонаи «Серена»-и шаҳри Душанбе (хиёб. Рӯдакӣ 14, ошёнаи 2) доир ба мавзӯи “Ченкунӣ ва мониторинги камбизоатӣ” конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор мегардад.

 

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, баргузории Конфронс бо ташаббуси “Шӯро оид ба муайян намудани сатҳи камбизоатӣ ва табақаи миёнаи аҳолӣ дар Тоҷикистон” сурат мегирад. Чорабинии мазкур аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ ва намояндагии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ташкил мешавад.

Гуфта мешавад, мақсади ниҳоии конфронс таҳия намудани методологияи миллӣ оид ба ченкунӣ ва арзёбии сатҳи камбизоатӣ (табақаи миёнаи аҳолӣ) маҳсуб меёбад. Дар кори конфронс тамоми вазорату идораҳои дахлдор, шарикони рушд, инчунин коршиносони байналмилалию дохилӣ, ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ҷамъиятӣ даъват карда мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.