Навбатдории шабонарӯзии мансабдорони давлатии пойтахт дар мавсими зимистон

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, реҷаи навбатдории шабонарӯзии муовинони раиси пойтахт ва муовинони раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар мавсими зимистон тасдиқ карда шуд. Тавре котиби матбуотии раиси пойтахт Шавкат Саидов хабар дод, роҳбарони хадамоти коммуналии шаҳр низ дар реҷаи навбатдории шабонарӯзӣ кор мекунанд. «Ҳангоми навбатдорӣ шахсони мансабдор барои таъмин ва назорати фаъолияти мунтазами […]

Аваз Юлдошев



Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, реҷаи навбатдории шабонарӯзии муовинони раиси пойтахт ва муовинони раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар мавсими зимистон тасдиқ карда шуд.

Тавре котиби матбуотии раиси пойтахт Шавкат Саидов хабар дод, роҳбарони хадамоти коммуналии шаҳр низ дар реҷаи навбатдории шабонарӯзӣ кор мекунанд.

«Ҳангоми навбатдорӣ шахсони мансабдор барои таъмин ва назорати фаъолияти мунтазами соҳаҳои ҳаётан муҳим ва ҳаллу фасли фаврии мушкилоту ниёзмандиҳои сокинони шаҳр масъулияти шахсӣ доранд», – гуфт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки реҷаи навбатдории шабонарӯзии мансабдорони давлатии пойтахт то ахири моҳи март идома меёбад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.