Назари намояндагони аҳзоби сиёсӣ ба интихоботи қарибулвуқӯъ

Имрӯз дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳӣ (КМИР)-и Тоҷикистон бо иштироки раисони аҳзоби сиёсии ҷумҳурӣ ва аъзои КМИР мизи гирд доир гардид, ки дар он масоили марбут ба интихоботи парлумонии ба санаи 1-уми марти соли оянда таъиншуда баррасӣ шуд. Роҳбари Дафтари САҲА дар Тоҷикистон, сафир Маркус Мюллер зимни суханронӣ дар ин чорабинӣ қайд кард, ки […]

Аваз Юлдошев



Имрӯз дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳӣ (КМИР)-и Тоҷикистон бо иштироки раисони аҳзоби сиёсии ҷумҳурӣ ва аъзои КМИР мизи гирд доир гардид, ки дар он масоили марбут ба интихоботи парлумонии ба санаи 1-уми марти соли оянда таъиншуда баррасӣ шуд.

Роҳбари Дафтари САҲА дар Тоҷикистон, сафир Маркус Мюллер зимни суханронӣ дар ин чорабинӣ қайд кард, ки САҲА дар баргузории интихобот дар Тоҷикистон, аз ҷумла мусоидат ба таҳияи торнамои нави КМИР дар шабакаи интернет кумак мекунад.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси ҳизби аграрии Тоҷикистон Рустам Латифзода зикр кард, ки имрӯз ҲАТ барои иштироки фаъолона дар интихоботи парлумонӣ аз тамоми имконот бархӯрдор аст ва изҳори итминон кард, ки интихобот дар доираи қонунгузорӣ сурат гирифта, ба сулҳу субот ва шукуфоии кишвар мусоидат менамояд.

Раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмонов низ ба интихобот изҳори омодагӣ намуда, қайд кард, ки аксари шиору лавҳаҳои пешазинтихоботии аҳзоби сиёсӣ баъд аз ҷойгиркунии онҳо дар кӯчаҳои шаҳру навоҳӣ «аз дасти бадхоҳон» ба карикатура (расмҳои мазҳакаву танз) табдил меёбанд ва дар робита ба ин, ӯ пешниҳод намуд, ки шиору лавҳахои аҳзоби сиёсӣ дар масҷидҳо ҳам ҷо дода шаванд, вале намояндагони Ҳизби коммунист қотеъона мухолифи ин пешниҳод изҳори назар карданд.

Намояндаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Абдулло Нуров аз тамоми аҳзоби сиёсии ҷумҳурӣ даъват ба амал овард, ки дар интихобот нигаҳдории сулҳу субот дар кишвар ва ташкили рақобати солимро чун вазифаи аввалиндараҷа шуморанд.

Муовини раиси ҲСДТ Шокирҷон Ҳакимов ва муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳайит изҳор намуданд, ки ҳукуматдорони кишвар асосан тавсияҳои начандон назарраси ниҳодҳои байнулмилалӣ оид ба интихоботро иҷро мекунанд. Онҳо қайд карданд, ки тавсияҳои асосии онҳо, аз қабили фароҳам оврадани шароитҳои якхела барои аҳзоби сиёсӣ ва роҳ додани намояндагони аҳзоб ба аъзогӣ дар ҳайати комиссияҳои интихоботии қитъавӣ нодида гирифта мешаванд.

Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов зикр кард, ки интихобот барои куллан тағйир додани зиндагии мардум ба самти беҳбудӣ гузаронида мешаванд, ки аз ҷумла инро парлумони бисёрҳизбӣ таъмин карда метавонад.

Раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффоров таъкид намуд, ки андозҳои беҳад зиёди интихоботӣ ба аҳзоби сиёсӣ ҷиҳати иштироки комилҳуқуқ дар интихобот имкон намедиҳанд.

Намояндаи Ҳизби ислоҳоти иқтисодии ҷумҳурӣ Рустам Назаров асосан дар бораи барномаи пешазинтихоботии ҳизбаш ва омодагии он ба интихобот ибрози назар кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.