Дар фурудгоҳи Емеляновои шаҳри Крсаноярск ҳавопаймои ширкати «Сомон Эйр» каме осеб дид.
Дар иттилоияи имрӯз интишоршудаи ширкат дар ин робита зикр мегардад, ки ин ҳодиса
соати 4-и субҳи рӯзи 14-уми декабр
рух дода, яке аз дастгоҳҳои ҳавопаймои Боинг 737-300 баъди оромона фуруд омадан бар асари ба он наздик шудан (расидан)-и зинапоя барои фурудоии мусофирони фурудгоҳи «Емеляново» осеб дидааст.
«Барои ҳамлу нақли мусофирони ин хатсайр аз пойтахти Тоҷикистон ба Красноярск таъҷилан ҳавопаймои Боинг 737-800 ва муҳандиси ширкати «Сомон Эйр» бо таҷҳизоти зарурӣ сафарбар шуд. Айни замон дар фурудгоҳи «Емеляново» корҳои ивази дастгоҳи осебдида дар арафаи анҷомёбӣ буда, дар фурсати наздиктарин ҳавопаймо ба Душанбе бармегардад», – қайд мешавад дар иттилоияи ширкат.
Гуфта мешавад, айни замон ҳодисаи мазкур мавриди таҳқиқ қарор дода шудааст.



