Мукофоти Шӯрои ИДМ ба 3 нафар аҳли илму фарҳанги Тоҷикистон

Шӯро оид ба ҳамкориҳои фарҳангии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар зумраи шахсиятҳои машҳури Арманистон, Белорус, Қирғизистон, Россия ва Украина се нафар намояндагони Тоҷикистонро бо мкофотҳо сарфароз гардонид. Тавре аз Вазорати фарҳанги ҶТ хабар доданд, Вафо Назаров, Рассоми халқии Тоҷикистон, Лауреати мукофоти давлатии Тоҷикистон «барои фаъолияти бисёрсола ва саҳми арзанда дар тарғиби санъати тасвирӣ» ва […]

ASIA-Plus



Шӯро оид ба ҳамкориҳои фарҳангии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар зумраи шахсиятҳои машҳури Арманистон, Белорус, Қирғизистон, Россия ва Украина се нафар намояндагони Тоҷикистонро бо мкофотҳо сарфароз гардонид.

Тавре аз Вазорати фарҳанги ҶТ хабар доданд, Вафо Назаров, Рассоми халқии Тоҷикистон, Лауреати мукофоти давлатии Тоҷикистон «барои фаъолияти бисёрсола ва саҳми арзанда дар тарғиби санъати тасвирӣ» ва Суҳроб Мирзоев, раиси Иттифоқи ходимони театри Тоҷикистон, директори Театри давлатии дарамаи русии ба номи Вл.Маяковский «барои ҳиссаи пурсамар дар ташаккули фазои умумии театрӣ» бо Ифтихорнома ва медали хотиравӣ сазовор дониста шуданд.

Гуфта мешавад, инчунин Абдуғаффор Абдуҷабборов, нависанда, тарҷумон, драматург, доктори фахрии фалсафа дар соҳаи адабиёт, академики Академияи мусаввирии Тоҷикистон «барои саҳми шахсӣ дар рушди адабиёти миллӣ ва фаъолияти тарҷумонӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2014» низ бо чунин мукофотҳо қадрдонӣ гардид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.