Кумак ба пардохти 1,5 млн. рубл музди меҳнати муҳоҷирони тоҷик



Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ба муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ба пардохти қарз аз музди меҳнат дар ҳаҷми 1,5 млн. рубл кумак кард.

Котиби матбуотии намояндагии мазкур Иброҳим Аҳмедов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки бо мусоидати намояндагӣ ба гурӯҳи бинокорони тоҷик дар яке аз ширкатҳои сохтмонии шаҳри Маскав 600 ҳазор рубли русӣ қарз аз музди меҳнаташон пардохта шудааст.

«Ҳамчунин бо дахолати намояндагӣ шаҳрванди Тоҷикистон Динмуҳаммад Абдуллоев, ки ба таъмиру манзилҳои шахсӣ дар Маскав машғул буд, 353 ҳазор рубли ҳақмузди корашро дастрас намуда, ба гурӯҳи сохтмончиёни тоҷик дар ширкати «Сириус» қарзи музди меҳнат ба маблағи 150 ҳазор рублро ҳисоббаробарӣ намуданд», – иброз дошт Аҳмедов.

Ба гуфтаи ӯ, дар шаҳри Хабаровск ба зодаи ноҳияи Ҳисор Орзу Толибов қарз аз музди меҳнат дар ҳаҷми 200 ҳазор рубл ва дар ҶДММ «Диалог» дар шаҳри Волгоград ба зодагони ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ 300 ҳазор рубл қарзи музди меҳнат пардохт гардид.

spot_imgspot_img

Популярное