Кормандони намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар Русия ҳамроҳ бо кормандони сафорати Тоҷикистон ва хадамоти консулгарӣ бо мақсади рӯшанӣ андохтан ба ҳолатҳои боздошти муҳоҷирони корӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон санаи 18-уми декабр аз шуъбаи назорат ба раванди муҳоҷирати Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар Ҳавзаи мухтори марказии шаҳри Маскав боздид намуданд.
Котиби матбуотии намояндагӣ Иброҳим Аҳмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки як рӯз қабл хабар расидааст, ки беш аз 100 нафар шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар як қатор ширкатҳои истеҳсолии шаҳри Маскав машғули кор буданд, боздошт ва ба ин шуъба оварда шудаанд.
Ба қавли Аҳмадов, зимни суҳбат кормандони масъули Хадамоти федералии муҳоҷират изҳор намудаанд, ки дар доираи чорабиниҳои нақшавӣ дар якчанд субъектҳои хоҷагидории шаҳри Маскав рейд гузаронида шуда дар ҷараёни он барои санҷиши қонунӣ будани будубош ва фаъолияти кории муҳоҷирон, зиёда аз 150 нафар шаҳрвандони хориҷиро ба шуъба овардаанд, ки миёни онҳо 50 нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.
Аҳмадов зикр кард, ки баъди санҷиши ҳуҷҷатҳои қонунии марбут ба будубош ва фаъолияти корӣ нисбати шаҳрвандони хориҷие, ки чунин ҳуҷҷатҳоро пешниҳод накардаанд, санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати баррасии минбаъда ба судҳои ҳавза фиристода шудааст ва касоне, ки дар бораи будубош ва фаъолияти кориашон ҳуҷчатҳои дахлдор пешниҳод намуданд, аз шуъба ҷавоб дода шудааанд.
«Қобили зикр аст, ки дар чанде аз шабакаҳои иҷтимоӣ маълумоти беасос ва ғайривоқеӣ пайдо шуд, ки гӯё шаҳрвандони Тоҷикистон бинобар сабаби бо худ надоштани шиносномаи хориҷӣ боздошт шудаанд», – қайд кард Аҳмадов.



