Сафари хизматии ҳайати АНМН ба чанде аз шаҳрҳои Русия

Ҳайати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ таҳти роҳбарии Директори Агентӣ генерал-лейтенанти милитсия Р. Назарзода 16 декабри соли ҷорӣ ба сафари хизматӣ ба шаҳрҳои Қазон, Москва ва Санкт-Петербурги Федератсияи Россия раҳсипор шуд. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, мақсади сафар – ташкили ҳамкорӣ оид ба бастани роҳи қочоқи маводи нашъаовар аз Ҷумҳурии […]

ASIA-Plus



Ҳайати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ таҳти роҳбарии Директори Агентӣ генерал-лейтенанти милитсия Р. Назарзода 16 декабри соли ҷорӣ ба сафари хизматӣ ба шаҳрҳои Қазон, Москва ва Санкт-Петербурги Федератсияи Россия раҳсипор шуд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, мақсади сафар – ташкили ҳамкорӣ оид ба бастани роҳи қочоқи маводи нашъаовар аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия, мубодилаи иттилооти оперативӣ, коркарди муштараки гурӯҳҳои ҷиноятпеша, инчунин мубодилаи таҷриба ва гузаронидани корҳои пешгирикунанда мебошад.

Вохӯрии нахустин 16 декабр дар шаҳри Қазон баргузор гардид, ки дар он Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ генерал-лейтенанти милитсия Р. Назарзода бо сардори Раёсати Хадамоти Федеролии Федератсияи Россия оид ба назорати муомилоти маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тотористон, генерал-лейтенанти политсия Шабаев Фаяз Баянович, бо иштироки Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тотористон Шафигулин Айрат Радинович оид ба ҳамкории дуҷониба изҳори назар намуданд. Инчунин дар вохӯрӣ сардорони ҷузъу томҳои Агентӣ, Раёсати Хадамоти Федеролии Федератсияи Россия оид ба назорати муомилоти маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тотористон, намояндагони дастгоҳи марказии Хадамоти Федеролии Федератсияи Россия оид ба назорати муомилоти маводи нашъаовар, инчунин кормандони Раёсати Хадамоти Федеролии муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тотористон ва намояндагони Ассамблеяи халқҳои Тотористон иҳтирок намуданд.

Худи ҳамон рӯз ҳайати Агентӣ дар Қасри дӯстии халқҳои шаҳри Қазон бо намояндагони ҷомеаи тоҷикон дар Тотористон ва донишҷӯёне, ки дар мактабҳои олии Қазон таҳсил менамоянд, вохӯрӣ намуданд. Ба иштирокчиёни вохӯрӣ муаррифинома оид ба тамоюлҳои вазъи вобаста ба маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақа намоиш дода шуд, дар бораи чораҳои аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон оид ба эътидол овардани он андешидашуда, ташаббусҳои Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар сухан ронда шуд. Ба саволҳои дода шуда аз тарафи роҳбарияти Агентӣ ҷавоби мушаххас дода шуд. Дар байни иштирокчиён буклетҳо, маҷаллаҳо, тақвимҳо дар мавзӯи зиддимухаддиротӣ тақсим карда шуд.

18 декабр дар шаҳри Москва вохӯрии Директори Агентӣ бо Директори Хадамоти Федеролии Федератсияи Россия оид ба назорати муомилоти маводи нашъаовар, инчунин роҳбарони ҷузъу томҳои Хадамоти Федеролии Федератсияи Россия оид ба назорати муомилоти маводи нашъаовар дар шаҳри Москва ва вилояти Москва баргузор мегардад.

19 декабр дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия вохӯрии ҳайати Агентӣ бо намояндагони ҷомеаи тоҷикон, шӯрои ҷамъиятӣ дар назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва донишҷӯёне, ки дар мактабҳои олии шаҳри Москва таҳсил менамоянд, баргузор мегардад.

Дар охири ҳафта дар рафти сафари хизматӣ ҳайати Агентӣ аз шаҳри Санкт-Петебург дидан менамояд, ки дар он ҷо бо роҳбарияти Раёсати Хадамоти Федеролии Федератсияи Россия оид ба назорати муомилоти маводи нашъаовар дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград, Донишгоҳи Шимолу- Ғарбии такмили ихтисоси Хадамоти Федеролии Федератсияи Россия оид ба назорати муомилоти маводи нашъаовар, ки дар он ҷо кормандони Агентӣ малаки касбии худро такмил медиҳанд, вохӯрӣ баргузор менамояд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.