Боздошти 50 тоҷикистонӣ дар Маскав зимни як рейд

Кормандони намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар Русия ҳамроҳ бо кормандони сафорати Тоҷикистон ва хадамоти консулгарӣ бо мақсади рӯшанӣ андохтан ба ҳолатҳои боздошти муҳоҷирони корӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон санаи 18-уми декабр аз шуъбаи назорат ба раванди муҳоҷирати Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар Ҳавзаи мухтори марказии шаҳри Маскав боздид намуданд. Котиби матбуотии […]

Аваз Юлдошев



Кормандони намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар Русия ҳамроҳ бо кормандони сафорати Тоҷикистон ва хадамоти консулгарӣ бо мақсади рӯшанӣ андохтан ба ҳолатҳои боздошти муҳоҷирони корӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон санаи 18-уми декабр аз шуъбаи назорат ба раванди муҳоҷирати Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар Ҳавзаи мухтори марказии шаҳри Маскав боздид намуданд.

Котиби матбуотии намояндагӣ Иброҳим Аҳмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки як рӯз қабл хабар расидааст, ки беш аз 100 нафар шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар як қатор ширкатҳои истеҳсолии шаҳри Маскав машғули кор буданд, боздошт ва ба ин шуъба оварда шудаанд.

Ба қавли Аҳмадов, зимни суҳбат кормандони масъули Хадамоти федералии муҳоҷират изҳор намудаанд, ки дар доираи чорабиниҳои нақшавӣ дар якчанд субъектҳои хоҷагидории шаҳри Маскав рейд гузаронида шуда дар ҷараёни он барои санҷиши қонунӣ будани будубош ва фаъолияти кории муҳоҷирон, зиёда аз 150 нафар шаҳрвандони хориҷиро ба шуъба овардаанд, ки миёни онҳо 50 нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Аҳмадов зикр кард, ки баъди санҷиши ҳуҷҷатҳои қонунии марбут ба будубош ва фаъолияти корӣ нисбати шаҳрвандони хориҷие, ки чунин ҳуҷҷатҳоро пешниҳод накардаанд, санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати баррасии минбаъда ба судҳои ҳавза фиристода шудааст ва касоне, ки дар бораи будубош ва фаъолияти кориашон ҳуҷчатҳои дахлдор пешниҳод намуданд, аз шуъба ҷавоб дода шудааанд.

«Қобили зикр аст, ки дар чанде аз шабакаҳои иҷтимоӣ маълумоти беасос ва ғайривоқеӣ пайдо шуд, ки гӯё шаҳрвандони Тоҷикистон бинобар сабаби бо худ надоштани шиносномаи хориҷӣ боздошт шудаанд», – қайд кард Аҳмадов.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.