Ҳарифони футболбозони тоҷик дар Ҷоми Иттиҳод муайян шуданд

Дар Хонаи футболи Русия рӯзи 18-уми декабр маросими қуръакашии мусобиқаи байнулмилалии футболи Ҷоми Иттиҳод доир гардид, ки дар натиҷаи он дастаҳо ба се гурӯҳ ҷудо шуданд. Бино ба иттилои сомонаи расмии ФФТ, дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон ба гурӯҳи «С» шомил гардида, бо дастаҳои Африқои Ҷанубӣ, Литва ва Қазоқистон рақобат мекунад. Мусобиқа ба иштироки 12 […]

ASIA-Plus



Дар Хонаи футболи Русия рӯзи 18-уми декабр маросими қуръакашии мусобиқаи байнулмилалии футболи Ҷоми Иттиҳод доир гардид, ки дар натиҷаи он дастаҳо ба се гурӯҳ ҷудо шуданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ФФТ, дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон ба гурӯҳи «С» шомил гардида, бо дастаҳои Африқои Ҷанубӣ, Литва ва Қазоқистон рақобат мекунад. Мусобиқа ба иштироки 12 даста аз 16 то 25-уми январи соли 2015 дар майдони варзишии «Петурбургский»-и шаҳри Санкт-Петербург сурат мегирад.

Қобили зикр аст, ки ба ҷуз дастаҳои мунтахаби ҷавонони футболи собиқ кишварҳои пасошӯравӣ, бори нахуст дар ин мусобиқа дастаҳои ҷавонони Финландия ва Африқои Ҷанубӣ низ ширкат меварзанд. Ғолиби мусобиқаи соли гузашта – дастаи Украина дар мусобиқа иштирок намекунад.


Натиҷаҳои қуръакашии Ҷоми Иттиҳод – 2015:

Гурӯҳи «А»: Белорус, Туркманистон, Эстония, Финландия.

Гурӯҳи «В»: Молдова, Қирғизистон, Русия, Латвия.

Гурӯҳи «С»: Африқои Ҷанубӣ, Литва, Тоҷикистон, Қазоқистон.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.