Дар рейтинги нави ФИФА Тоҷикистон дар зинаи 135-ум боқӣ монд

Дар рейтинг ё феҳристи нави нашршудаи ФИФА (Федератсиони байналмилалии футбол) чун моҳи гузашта дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо касби 215 имтиёз дар зинаи 135-ум боқӣ монд. Дар зинаҳои аввали рейтинг дастаҳои мунтахаби футболи Олмон, Аргентина, Колумбия, Белгия, Нидерланд ва Бразилия қарор доранд. Дар ҳамин ҳол, дар байни 46 дастаи миллии кишварҳои Осиё мунтахаби Тоҷикистон дар […]

ASIA-Plus



Дар рейтинг ё феҳристи нави нашршудаи ФИФА (Федератсиони байналмилалии футбол) чун моҳи гузашта дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо касби 215 имтиёз дар зинаи 135-ум боқӣ монд.

Дар зинаҳои аввали рейтинг дастаҳои мунтахаби футболи Олмон, Аргентина, Колумбия, Белгия, Нидерланд ва Бразилия қарор доранд.

Дар ҳамин ҳол, дар байни 46 дастаи миллии кишварҳои Осиё мунтахаби Тоҷикистон дар ҷойи 19-ум ва миёни собиқ кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар мақоми 12-ум (пеш аз Қазоқистон, Туркманистон ва Қирғизистон) қарор дорад. Дар ин қора тимҳои миллии Ҷопон, Эрон ва Кореяи Ҷанубӣ пешсафанд.

Рейтинги ФИФА аз соли 1993-юм ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013-ум мебошад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.